06 декабри 2014с.,

Ташкилоти ҷамъияти ҷумҳуриявии

«Насли ҷавони Тоҷикистон» (ТҶҶ «НҶТ»).

Дар пойтахти Љумњурии Тољикистон шањри Душанбе санаи 5.12.2014 сол дар муассисаи давлатии «Душанбе - плаза» шарҳи якҷояи солона (Саммит)-и соли чоруми тадбиќи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он, дигар Вазорату идорањои дахлдор, агентиҳои СММ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва љамъиятӣ, инчунин намояндагони ВАО иштирок намуданд.

ТҶҶ «НҶТ» низ дар ин чорабини фаъолона иштирок намуда, фаъолияти хеш, Иттиҳоди ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» - ро дар самти бењдошти саломатии кудакону љавонон муаррифӣ кард, ки аз ҷониби иштирокчиён хуш пазируфта шуд. Њамзамон ташкилот ба воситаи ихтиёриёни Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тољикистон дар корњои ташкилии рузи баргузории Саммит иштирок намуд.