Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации ТҶҶ «НҶТ», дар 5 деҳаи озмоишии дар қади роҳи Айнӣ-Панҷакент ҷойгир буда, оид ба таблиғи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, як қатор вохӯриҳо гузаронид.

 

РЕЗА АХБОР

26 сентябри соли 2016 г., душанбе,

Ташкилоти ҷамъияти ҷумҳуриявии

«Насли ҷавони Тоҷикистон»

(ТҶҶ «НҶТ»).

  

ТҶҶ «НҶТ», дар 5 деҳаи озмоишии дар қади роҳи Айнӣ-Панҷакент ҷойгир буда, оид ба таблиғи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, як қатор вохӯриҳо  гузаронид. 

 Аз 17 то 19 сентябри соли 2016 дар доираи татбиқи қисмати «Деҳаҳои бехавф», дар байни аҳолии  5 деҳаи озмоишӣ (Сӯчина, Сӯфиён, Навобод, Ғусар  ва Дар-Дар)  як қатор вохӯриҳоро оид ба таблиғи ҚҲР доир намуд.  Дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

 

  •       Тартиби рондани чорво;
  •       Талаботи ҚҲР нисбати ронандагони тракторҳои чархӣ;
  •       «Шабонгоҳ намоён бош!».

 

Дар ҷаласаҳо фаъолони ҷамоатҳои деҳот, деҳқонон ва ронандагони тракторҳо, ҳамагӣ 194 нафар ширкат варзиданд. 

Ғайр аз ин бо директорони мактабҳо оид ба минбаъд гузаронидани дарсҳои фаъол (тренингҳо) бо муаллимон, хонандагон ва волидайн, нисбати омӯзиши ҚҲР, як қатор вохӯриҳо гузаронида шуд.

 Эй сорбон, оҳиста рон!

 18-уми сентябри соли 2016, ТҶҶ «НҶТ» оид  ба паст намудани суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар назди яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Панҷакент аксия гузаронид. Саҳаргоҳ волонтерон ба  «аломатҳои роҳи 40 км/с», ва овезаҳои: «Ронанда, оҳиста дар роҳ бачаҳо!» ва «Ронанда, ба пиёдагардон роҳ деҳ», ба роҳи автомобилгардаи назди Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва муассисаи томактабии №18 баромада ба ронандагон хотиррасон намуданд, ки суръати ҳаракат дар назди муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ 40 км/с. муайян карда шудааст.

  

Барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ метавонед ба суроғаи зерин

муроҷиат намоед:

734003, ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, ут. 7,

тел.: +992 37 8807572, +992 37 8817572, +992 44 6205921; +992 44 6206146

info@ygt.tj|www.ygt.tj

 

# # #

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 11 гостей онлайн

Warning: Creating default object from empty value in /var/www/mmko/data/www/mmko.tj/modules/mod_stats/helper.php on line 106
Просмотры материалов : 517158