Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации ТҶҶ «НҶТ» ба тадбиқи қисмати «Деҳаҳои бехавф» ва иқдом оид ба паст кардани суръати ҳаракат дар роҳ, дар байни ронандагони ҷавон дар шаҳри Панҷакент оғоз намуд.

РЕЗА-АХБОР

1 июли, 2016с., ҷумъа,

Ташкилоти ҷамъиятӣ ҷумҳуриявии

«Насли ҷавони  Тоҷикистон»

(ТҶҶ «НҶТ»).

  

ТҶҶ «НҶТ» ба тадбиқи қисмати «Деҳаҳои бехавф» ва иқдом оид ба паст кардани суръати ҳаракат дар роҳ, дар байни ронандагони ҷавон дар шаҳри Панҷакент оғоз намуд.

Аз 01 июли соли 2016,   ТҶҶ «НҶТ» ба тадбиқи қисмати «Деҳаҳои бехавф» ва иқдом оид ба паст кардани суръати ҳаракат дар роҳ, дар байни ронандагони ҷавон дар шаҳри Панҷакентро, дар доираи Гранти БОР G0301-TAJ:  МОМҲИ, Долони 3, лоиҳаи «Беҳдошти роҳи (Айнӣ- сарҳади Ӯзбекистон)- амалӣ гардонидани тренингҳо ва иқдомҳоро оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва манфиат барои ҷамоати маҳаллӣ» оғоз намуд.

Мақсади қисмати «Деҳаҳои бехавф» ин баланд бардоштани воқифият оид ба Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, дар байни аҳолии панҷ деҳаи озмоишӣ, алал хусус иштирокчиёни осебпазири ҳаракат- (кӯдакон ва ҷавонон, одамони миёнсол ин  чунин деҳқонон, дар қади роҳи Айнӣ –Панҷакент, бо роҳи гузаронидани як  қатор иқдомҳои таблиғотӣ ва тренингҳо. 

 Дар навбати худ, компанияи таблиғотӣ   асосан ба ронандагони ҷавон дар шаҳри Панҷакент  ва истифодабарандагони роҳи Панҷакент –Айнӣ равона карда мешавад.

Барои онҳоро бовар кунонидан, ки суръатафзоӣ амали номатлуб ва хатарнок аст, копания бо истифода аз воситаҳои иҷтимоии ахбори омма,  фиристодани паёмакҳо,  тақсим намудани варақаҳо ва   тахтаҳои рекламавӣ(билбоардҳо) гузаронида мешавад.

Давомнокии лоиҳа:  4 моҳ (июл-октябр, 2016с.)

Барои гирифтани  маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин намоед:

734003, ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, утоқи. 7,

тел.: +992 37 8807572, +992 37 8817572, +992 44 6205921; +992 44 6206146

info@ygt.tj|www.ygt.tj

 

# # #

 

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 25 гостей онлайн

Warning: Creating default object from empty value in /var/www/mmko/data/www/mmko.tj/modules/mod_stats/helper.php on line 106
Просмотры материалов : 515479