Get Adobe Flash player
кратко о ммко

Тоҷикистон ҳолати ҳозираи табобати бемории сил бо тариқи модели амбулаториро омӯхта истодааст.

 Дар охири моҳи май ва аввали моҳи июн дар 4 ноҳияи ҷумҳурии. Тоҷикистон мусоҳибаҳо оид ба омӯзиши ҳолати ҳозираи табобати бемории сил тариқи мадели амбулаторӣ 

ва монеъаҳое, ки татбиқи онро халалдор месозанд, гузаронида шуд. Татқиқот аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Насли ҷавони Тоҷикистон”, таҳти лоиҳаи TB-REP роҳандозӣ гардид.

Дар тадқиқот беморон, аъзои оилаи онҳо, духтурони силшинос, ҳамшираҳо, хизматчиёне, ки таҳти назорати бевоситаи ДОТС аз курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши сил гузаштаанд ва инчунин  духтур ва ҳамшираҳои кӯмаки аввалия, ходимони дин, раисони маҳалла ва ашхоси холис иштирок намуданд.

Натиҷаҳои таҳқиқот нишон дод, ки яке аз масоили мубрами имрӯза ғизо ба бемороне, ки дар шакли амбулаторӣ табобат мегиранд ба шумор меравад, ки қисми зиёди беморон имконияти молиявӣ барои дастрасӣ ба хуроки серғизо надоранд.

Дар робита ба ин, гӯруҳи кории лоиҳаи мазкур роҳҳои мушаххаси кӯмак ба беморони сил ва оилаҳои онҳо, пешниҳод намуданд. Аз он ҷумла: гуфтушунид бо раисони маҳалла ва сардухтурони марказҳои тиббӣ оид ба ҳалли мушкилии ғизонокӣ барои беморони сил дар ноҳияҳои пилотӣ; тарғибот дар байни хоҷагиҳои фермерӣ оид ба ташкили кӯмаки ғизо ба беморони ШМС;  муҳокимаи масъалаҳо оид ба имкониятҳои дастгирии беморони ШМС, бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва рушд фаъолият мекунанд;  тайёр намудани пешниҳодҳои лоиҳавӣ барои грантҳои хурд баҳри таъсиси хоҷагиҳои чорводорӣ дар ҳар як ноҳияҳои пилотӣ барои таъмини беморони ШМС бо маҳсулоти ширӣ.

Ёдовар мешавем, ки TB-REP лоиҳаи минтақавии АШОМ буда таҳкими системаи тандурустӣ барои назорати самараноки сил ва ШМ-сил мебошад.

 

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 43 гостей онлайн
Просмотры материалов : 419067