Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации Ҷаласаи якҷояи Шӯрои Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон

Ҷаласаи якҷояи Шӯрои Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон 

Имрӯз, 19 июли соли ҷорӣ, дар Маркази иттилоот ва захираи Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи якҷояи Шӯрои Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ)  ва гурӯҳи мақсадноки ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон (ГМТБҶ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа тибқи барномаи тарҳрезишуда масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ИТҶТ, ҳисоботи аъзоёни Иттиҳодия дар соли 2015, консепсияи устувор гардонидани иқтидори техникии Котиботи ИТҶТ ва фаъолнокии аъзоёни ИТҶТ ва ГМТБҶ барои иштирок дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дигар мавзуҳи муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар кори он роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котибот ва раёсати  Шӯрои ИТҶТ ва инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Сараввал Мавсума Муинӣ муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,  ба сухан баромада, доир ба ҳамкории Кумита ва ИТҶТ бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон фаъолиятдошта баҳри иштироки васеи ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои кор бо ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлтии ҷавонон дар Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Қайд гардид, ки Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пайвасткунанда байни Кумита ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис  дода шудааст, ки ҳамоҳангсозии онро  бевосита  Кумита ба ӯҳда дорад. Айни ҳол ба ин Иттиҳодия зиёда аз 151 ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон аъзо мебошанд ва дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳм гузошта истодаанд.

Дар ҷаласаи мазкур Қиёмиддин Миралиён, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба  ҳаракати волонтёрӣ дар ҷумҳурӣ ва татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ибрози назар намуд.

Наимҷон Мирзораҳимов котиби ИТҶТ вобаста ба ҳисоботи ташкилотҳои аъзои ИТҶТ барои соли 2015 суханронӣ намуда, ба ҳозирин доир ба мушкилот ва дастовардҳои Иттиҳодия маълумоти  муфассал дод.

Зимни баромади хеш Н.Мирзораҳимов, таъсис додани гурӯҳи мақсаднок доир ба коркард ва амалигардонии механизми таҳия, дарёфти маблағгузорӣ, арзёбӣ ва баҳогузории лоиҳаҳои дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон татбиқ шавандаро амри зарурӣ ва саривақтӣ донист.

Дар рафти ҷаласаи якҷоя миёни иштирокчиён суолу ҷавоб сурат гирифт.

Дар фарҷоми ҷаласа доир ба ҳар кадом масъалаи рӯзномаи он қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. 

http://youth.tj/tj/alasai-yak-oyai-sh-roi-itti-odiyai-tashkilot-oi-avononi-to-ikiston/

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 35 гостей онлайн

Warning: Creating default object from empty value in /var/www/mmko/data/www/mmko.tj/modules/mod_stats/helper.php on line 106
Просмотры материалов : 515487