Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации ТҶҶ «НҶТ» мизи мудаввари хотимавимро дар доираи лоиҳаи «Беҳдошти бехатарии ҳаракат дар роҳ тавассути таҳсилот» гузаронид.

 

РЕЗА-АХБОР

16 июни соли 2016, чпанҷшанбе,

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии

«Насли ҷавони Тоҷикистон»

(ТҶҶ «НҶТ»).

  

 ТҶҶ «НҶТ» мизи мудаввари хотимавимро дар доираи лоиҳаи «Беҳдошти бехатарии ҳаракат дар роҳ тавассути таҳсилот» гузаронид.

 3 июни соли  2016, дар маҷмааи сайёҳии «Варзоб», ш.Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон,   ТҶҶ «НҶТ» мизи мудаввари хотимавиро оид ба муҳокимаи натиҷаҳои кори дусола  дар доираи лоиҳаи «Беҳдошти бехатарии ҳаракат дар роҳ тавассути таҳсилот»  доир намуд.

Дар ин чорабинӣ  намояндагони Мақомоти ҳокимияти давлатии  маҳаллии  н.Фирдавсӣ, Бозрасии давлатии автомобилиӣ (БДА), Вазорати нақлиёти ҶТ,  шӯъбаи маориф ва илми н.Фирлавсӣ ,  Васоити ахбори омма(ВАО) ва дигар шахсони ҳавасманд, ки дар татбиқи лоиҳа , мусоидат намуданд ширкат варзиданд. 

Дар рафти мизи мудаввар иштирокчиён, омори ҳодисаҳои роҳу нақлиётро (алал хусус  бо иштироки кӯдакон) дар миқёси олам, мамлакат ва ин чунин муфассалтар бо вазъияти травматизми кӯдакон дар ноҳияҳои ш.Душанбе,  таи солҳои 2013-2015 муҳокима намуданд.

Тибқи омори ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, дар соли 2013, вазъияти садаманокӣ дар ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе ташвишовар буд. Бинобар ин  чунин вазъият ТҶҶ «НҶТ»-ро водор намуд, ки татбиқи лоиҳаро аз ҳамин ноҳия оғоз намояд.

 

Маълумот дар бораи лоиҳа

Мақсади лоиҳа аз паст намудани сатҳи ҷароҳатбардорӣ ва фавти кӯдакони то синни 16 сола,  бар асари ҲРН ба сифати пиёдагард, дар ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе мебошад.

Таи ду соли татбиқи лоиҳа 1600 нафар кӯдакон сатҳи дониши худро аз Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (ҚҲР), ба ҳайси пиёдагард, аз нишондиҳандаи асосӣ, ба 24,2%  баланд бардоштанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Барои гирифтани  маълумоти иловагӣ метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат намоед.

 

734003, ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, утоқи . 7,

тел.: +992 37 8807572, +992 37 8817572, +992 44 6206146;

info@ygt.tj|www.ygt.tj

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 60 гостей онлайн
Просмотры материалов : 453009