Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации ТҶҶ «НҶТ» барои муайян намудани омилҳои хавфнок, дар доираи лоиҳаи «Беҳдошти бехатарии ҳаракат дар роҳ тибқи таҳсилот II », хронометраж гузаронид.

 

РЕЗА-АХБОР

18 майи соли 2016, чоршанбе,

Ташкилоти ҷамъиятӣ ҷумҳуриявии

«Насли ҷавони  Тоҷикистон»

(ТҶҶ «НҶТ»).

  

 ТҶҶ «НҶТ» барои муайян намудани омилҳои хавфнок, дар доираи лоиҳаи «Беҳдошти  бехатарии ҳаракат дар роҳ тибқи таҳсилот II », хронометраж гузаронид.    

 

 Барои муайян намудани омилҳои хавфноке, ки сабабгори сар задани Ҳодисаҳои роҳу нақлиёт(ҲРН) мегарданд,  рӯзи  06.05.2016с. аз соати 08:00 то  09:00, дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) №18, ки дар шафати кӯчаи ба номи Қаҳҳоров  ҷойгир мебошад, чорабинии пешгирикунандаи травматизми роҳу нақлиётро бо:   

  • муайян намудани (хронометраж) шиддатнокии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон:
  • муайян намудани (хронометраж) суръати миёнаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар назди мактаб;
  • иқдом (акция) оид ба риояи реҷаи суръатнокиро (40км/с), амалӣ гардонд.  

 Хронометраж дар ду самт гузаронида шуд:

1. Аз кӯч.Қаҳҳоров ба  самти кӯч. С.Шеърозӣ

            2. Аз самти кӯч. С.Шеърозӣ  ба  самти кӯч.Қаҳҳоров

Ҳаракати пиёдагардон дар гузаргоҳи пиёдагард аз чап ба рост ва баракс.

Дар натиҷаи хронометраж муайян карда шуд, ки: -дар давоми як соати мушоҳида    (аз 08:00 то 09:00) дар ду самт, шиддатнокии нақлиёт 1300 воситаи нақлиёти сабукрав ва 11 воситаи нақлиёти боркашро дар бар гирифт ва дар маҷмӯъ  1322 нақлиётро дар як соат ташкил дод.

Шиддатнокии ҳаракати пиёдагардон дар ин муддат 187 нафарро ташкил дод (асосан мактаббачагон) , ки аз он ҷумла 50 нафари онҳо коидахои ҳаракати роҳро вайрон намуданд.

Дар чорроҳаи назди мактаб чароғаки диодии рақамӣ, бо ҳисобкунаки баракс гузошта шудааст ва гузаргоҳи пиёдагард мавҷуд мебошад.  Гузаргоҳи пиёдагард дар назди мактаб танзимшаванда ба ҳисоб меравад,  муддати фурӯзоншавии ранги сурхи он барои ронандагон то 40 сонияро ташкил медиҳад, ҳамчунин ранги сабз барои пиёдагардон. Мутаасифона  бо сабаби набудани камераҳои назоратӣ давоми як соати мушоҳида 28 ронандаи воситаи нақлиёт қоидаро дағалона вайрон намуда ҳангоми сурх будани ранги чароғак чорроҳаро убур намуданд.

Ғайр аз ин дар қисмати роҳи номбурда, омили дигари хавфноки роҳ, суръати миёнаи ҳаракати воситаи нақлиёт, муайян карда шуд. Дар ин чорабинӣ кормандони ШБДА ш.Душанбе ва аъзоёни гурӯҳи нозирони навраси МТМУ№18  иштирок намуда, ба воситаи асбоби суръатсанҷ, суръати миёнаи ҳаракатро муайян намуданд, ки он  дар ин мавқеъ 62,5км/с-ро ташкил намуд.  

Дар рафти чорабинӣ ин чунин муайян карда шуд, ки дар назди мактаб майдонча барои фаровардани мусофирон аз воситаи нақлиёт вуҷуд надорад, болои ҷӯйбори канори роҳ, дар назди даромадгоҳи мактаб қисман маҳкам карда нашудааст, ки он хусусан дар вақти номусоидии боду ҳаво барои кӯдакони хурдсол хавфнок мебошад.

Норасогии дигар дар он аст, ки аломати «Кӯдакон» дар наздикии мактаб гузошта шудааст. Аломати «Маҳдудияти суръати ниҳоӣ»(40км/с.) мавҷуд нест, бино бар ин ронандагон дар назди мактаби номбурда суръати миёнаи ҳаракатро то 62,5 км/с. баланд мекарданд, ки дар навбати худ хавфи ба садама дучор шудани кӯдакону наврасонро меафзояд.  Аломати роҳи «Ҷойи пиёдагузар» бо тасмаи нурбаргардони рангаш зард иҳота карда нашудааст, ки ин сатҳи биниши аломатро дар ҳавои номусоид маҳдуд мегардонад.  Нишонаи роҳи «Ҷойи пиёдагузар» фарсуда шудааст.

 Хулосаи пешакии(омилҳои хавфнок):

  • мавҷуд набудани аломатҳои роҳи «Кӯдакон» ва «Ҷойи пиёдагузар»тибқи талаботи меъёрҳо;
  • аломати роҳи огоҳкунандаи «Кӯдакон», дар масофаи ниҳоят ба мактаб наздик гузошта шудааст. Тибқи талаболи ҚҲР ин аломат бояд дар масофаи 50-100м.то иншоот гузошта шавад.
  • мавҷуд набудани аломати роҳи «Маҳдудияти суръати ниҳоӣ» (40км/с) дар назди мактаб;  
  • мавҷуд набудани майдонча барои фаровардани мусофирон аз воситаи нақлиёт дар назди мактаб;
  • мавҷуд набудани маводҳои иттилоотӣ оиб ба риояи ҚҲР дар назди мактаб.(тахтаҳои иттилоотӣ)

 

Барои гирифтани  маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин намоед:

734003, ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, утоқи. 7,

тел.: +992 37 8807572, +992 37 8817572, +992 44 6205921; +992 44 6206146

info@ygt.tj|www.ygt.tj

 

# # #

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 67 гостей онлайн

Warning: Creating default object from empty value in /var/www/mmko/data/www/mmko.tj/modules/mod_stats/helper.php on line 106
Просмотры материалов : 515511