Get Adobe Flash player
кратко о ммко Вопросы здоровья СТОП ТБ Васеъ кардани ташхиси саривақтӣ ва муолиҷаи бемории сил бо тариқи модели амбулатории табобат

 

РЕЗА-АХБОР

                                                                                4 май 2016, Душанбе,

Эътилофи «Ҳамкории боздошти

                                                                                              сил дар Тоҷикистон» (ҲБСТ).

                                                            

ВАСЕЪ КАРДАНИ ТАШХИСИ САРИВАҚТӢ ВА МУОЛИҶАИ БЕМОРИИ СИЛ БО ТАРИҚИ МОДЕЛИ АМБУЛАТОРИИ ТАБОБАТ

Табобати амбулаторӣ ин табобат ва нигоҳубини бемор берун аз беморхона мебошад. Нисбати бемории сил ва шакли мутобиқгашта ва мутобиқгаштаи васеъи сил (ШМС, ШМВС), табобати амбулаторӣ бояд ҳамчун як муҳити нигоҳубини ҳаматарафа ва давомдори шахси бемор дониста шавад. Дар ҳоле, ки марказҳои зиддисилӣ (ДОТС) ҳамчун сутун боқӣ мемонад, модели табобати амбулаторӣ ҳамон вақт таъсирнок дониста мешавад, ки он беморро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор диҳад. Модели табобати амбулатории таъсирнок ҳамоне аст, ки барои риояи бемор ба табобат бо назардошти эҳтиёҷи ҳар як бемор дар алоҳидагӣ ва нозукиҳои иҷтимоиву иқтисодии онҳо, кумак расонад.              

Беморони сил дар бисёр кишварҳое ки сатҳи ин беморӣ баланд аст, дар беморхона муддати дароз бистарӣ карда мешаванд. Аксар вақт ин зарур нест-табобати бемории сил тариқи амбулаторӣ ё дар хона баробар ба табобат дар беморхона ва дар бисёр маврид ҳатто муносибтар аст.

Котиботи ҲБСТ, ки  дар назди идораи Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Насли ҷавони Тоҷикистон” (НҶТ) фаъолият мекунад, барои паст кардани доғгузорӣ ва бартараф кардани монеаҳо, дар роҳи васеъ кардани табобати амбулаторӣ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом кардааст. Дар доираи лоиҳаи “Вусъат додани системаҳои тандурустӣ барои идораи босамари сил ва шакли мутобиқгаштаи сил дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказӣ”, ки аз тарафи Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза зидди СПИД, сил ва вараҷа маблағгузорӣ мешавад, ин иқдом тавассути барномаи грантӣ дастгирӣ мешавад. Лоиҳа тавассути Маркази сиёсатҳои тандурустӣ ва тадқиқотӣ (PAS Center) дар ҳамкорӣ бо “Иттиҳод барои солимии иҷтимоӣ (Alliance for Public Health), ки аз номи “Эътилофи боздошти сил дар Аврупо” (TBEC) амал мекунад, иҷро мешавад.      ҲБСТ лоиҳаи грантиро бо номи “Ҳамроҳ мо нерӯмандем”, барои соли аввал дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ёвон, Вахш ва Восеъ, ҳамчун ноҳияҳои озмоишӣ иҷро мекунад.   

Мақсади лоиҳа ин “Васеъ кардани ташхиси саривақтӣ ва муолиҷаи бемории сил бо тариқи модели табобати амбулаторӣ ва расонидани ёрии тиббӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба бемории сил мебошад”. Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур иҷрои вазифаҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:  

  1. Омӯзиши ҳолати ҳозираи модели табобати амбулаторӣ ва муайян кардани монеаҳо, ки садди роҳи васеъ кардани табобати амбулаторӣ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ мебошанд.  

2. Тақвияти ҳамкории хадамотҳои тиббӣ ва дигар шӯъбаҳои аз ҷиҳати равонӣ-иҷтимоӣ дахлдор  дар сатҳи ноҳия ва дар сатҳи миллӣ барои васеъ кардани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба табобати амбулатории бемории сил.  

3. Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ оид ба имтиёзҳои табобати сил дар шароити амбулаторӣ.  

Вақте шахси бемор берун аз беморхона табобат мегирад, нигоҳубини ӯ бояд аз тарафи кормандони тиб ҳамон тавре, ки дар беморхона дақиқ сурат мегирад, дар хона ба роҳ монда шавад. Инчунин аъзои оила ва наздикони бемор бояд оид ба чораҳои пешгирикунанда, эҳтиётӣ ва тарзи алоҳида, безарар нигоҳ доштани бемор дар шароити хона омӯзонида шаванд. Ёрии тиббӣ акнун бояд дар хона ва маҳалла босифат ва ҳамаҷониба дастрас карда шавад, то ин ки одамон ба табобати бемории сил бо тариқи моделиамбулаторӣ  эътимод пайдо кунанд. Бемории сил дигар бояд пинҳон намонад, оилаҳо бояд дар пинҳонӣ азобу машаққати ин бемории табобатшавандаро беҳуда накашанд. Бемории сил бояд боздошт карда шавад. Дар ҳоле, ки шароити ташхис ва табобати бемории сил ба таври ройгон пурра муҳаё аст, калиди комёбӣ барои нест кардани ин беморӣ дар дасти ҳар як шахс дар алоҳидагист. Ёрии ҳамаҷонибаи ҳамсояҳо ва аҳли маҳал ба оилаи аз бемории сил осебдида барои аз байн бурдани доғгузорӣ ва бартараф кардани монеаҳо дар табобати шахси бемор дар хона мусоидат мекунад. Аз байн бурдани доғгузорӣ ба дарёфти саривақтии бемории сил ва муолиҷаи осони беморӣ мусоидат мекунад. Дастгирии молию маънавии бемори сил кумак мекунад, то ин ки бемор дар раванди табобат ба танаффус роҳ надода бомуваффақият шифо ёбад. Бинобарин, дарки дурусти масоил атрофи бемории сил ва аз худ кардани маълумоти кофӣ оид ба ин беморӣ вазифаи ҳар як шахс мебошад.

 

         Бо мақсади дастрасии бештару васеъи аҳолӣ бо маълумот оид ба бемории сил, дар доираи лоиҳаи мазкур “Маркази медиа” таъсис дода шуда он бо олотҳои зарурии аудиовизуалӣ ва нашр ҷиҳозонида мешавад. Таъсиси “Маркази медиа” ба ҲБСТ имконоти зеринро медиҳад:   

•   Инъикоси афзалияти асосноки васеъ гардонидани ташхиси саривақтӣ ва муолиҷаи

      бемории сил бо тариқи модели табобати амбулаторӣ;

·       Садои қавӣ ва воситаи коммуникатсия ба омма дошта бошад;      

•   Дар лоиҳаҳои таълимию корҳои фаҳмонидадиҳӣ қисми васеъи аҳолиро дарбар

      гирад;

•   Баланд бардоштани сатҳи огоҳинокии омма оид ба масоили воқеии тандурустӣ;

·        Баланд бардошт00ани маърифати шаҳрвандӣ, ҷалби маҳаллаҳо ва  ҷомеаи шаҳрвандӣ

      ба масоили тандурустӣ.

          Эътилофи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” 30 июли 2014 аз тарафи 76 нафар беморони сил, шахсони аз сил шифо ёфта, наздикони онҳо, намояндагони ташкилотҳои ҳавасманди зидди сил амалкунанда ва ВАО аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Мақсади Эътилоф аз «Паст кардани сатҳи паҳншавии бемории сил, маҳдудиятҳои вобаста ба бемории сил ва ВНМО/БС, дар миқёси кишвар роҳ надодани ҳолатҳои бемории шакли мутобиқгаштаи сил ва шакли мутобиқгаштаи васеъи сил» иборат аст. Котиботи Эътилоф дар назди Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Насли ҷавони Тоҷикистон” фаъолият мебарад.

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба Котиботи ҲБСТ муроҷиат намоед:

734003, ҶТ, ш. Душанбе, Хиёбони Рӯдакӣ 112, утоқи 7,

тел.: (+992) 378807572, 446206146, 378817572, 446205921;  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

# # #

        

  Маводи мазкур дар доираи барномаи грантии “Лоиҳаи минтақавии Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказӣ оид ба вусъат додани системаҳои тандурустӣ барои идораи босамари сил ва шакли мутобиқгаштаи сил дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказӣ”, ки аз тарафи Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза зидди СПИД, сил ва вараҷа маблағгузорӣ ва тавассути Маркази сиёсатҳои тандурустӣ ва тадқиқотӣ (PAS Center), ҳамчун рисипиенти асосӣ амалӣ мешавад, нашр шудааст. Назари муаллиф, ки дар ин нашр изҳор шудааст, айнан инъикоси назарҳои Хазинаи глобалӣ, рисипиенти асосӣ ва дигар шарикони лоиҳа нест.     

 

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 32 гостей онлайн
Просмотры материалов : 365914