Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости ЭЪЛОН!

ЭЪЛОН! ЭЪЛОН! ЭЪЛОН!

 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли чавони Точикистон» (минбаъд ТҶҶ «НҶТ») озмуни лоиҳаҳои хурдро дар мавзӯи «Тозагӣ - гарави саломатӣ!» (минбаъд Озмун) эълон менамояд.

       Озмун дар доираи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена дар мактабҳо ва тавассути мактабҳо» бо маблағгузории  Ташкилоти байналхалқии «Ғизо барои ҷаҳон» амалӣ гардонида мешавад.

        Дар доираи Озмуни мазкур гурӯҳи ташаббускор (Шӯрои мактаббачагон)-и мактабҳои №70 деҳаи Зардолу, №68 деҳаи Найдара, ҷамоати Карим Исмоил, н. Ваҳдат ва №37 деҳаи Вогат, ҷамоати Сабристон,  №45 деҳаи Тошбек, ҷамоати Гули Сурх,  н.Истаравшан метавонанд лоиҳаҳои хурде, ки  ба мавзӯъҳои афзалиятноки Озмун мутобиқат мекунанд,  пешниҳод намоянд.

 

1.         Мақсади озмун. 

Дастгири намудани саъю кӯшиши мактаббачагон,  ки ба:       

Ø Пешрафт ва риояи қоидаҳои санитария ва гигиена;

Ø Таъмини тозагии мухити мактаб ва атрофи он,

равона карда шудаанд.

 

2.  Мавзӯъҳо ва самтҳои афзалиятноки  Озмун.

Мавзӯъҳои бартаридоштаи Озмун инҳо ба ҳисоб мераванд:

Ø Тарғиби риояи қоидаҳои санитария ва гигиена дар мактаб ва ҷамоати маҳаллӣ;

Ø Беҳдошти  шароити санитария дар мактаб;

Ø Беҳдошти шароити  истифодаи оби ошомиданӣ дар мактаб;

Ø Муҳайё намудани тозагӣ дар мактаб ва атрофи он.

 

    Бартарият ҳисобида мешавад, агар чорабиниҳои лоиҳавӣ бахшида ба рӯзҳои иҷтимоан муҳим: 22-юми март «Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об», 7-уми апрел «Рӯзи умумиҷаҳонии Тандурустӣ», 22-юми апрел «Рӯзи умумиҷаҳонии Замин», 5-уми июн «Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист», гузаронида шаванд.  

          Самти фаъолият аз рӯи лоиҳае, ки ба озмун пешкаш карда мешавад, метавонад гуногун бошад, масалан: кабудизоркунии мактаб, беҳдошти шароити ҷамъоварӣ ва нигоҳдошти партовҳо, гузоштани лавҳаҳо (стенд)-и ахбороти, саҳначаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ ва ғ.  

 

         Барои гирифтани маълумоти пурра (Низомномаи Озмун, шаклҳои навиштаҷоти лоиҳа, буҷа ва нақшаи он) метавонед ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:

 

а) Аз тарафи мактабҳои №70 деҳаи Зардолу, №68 деҳаи Найдара, ҷамоати Карим Исмоил, н. Ваҳдат бояд ба:

- корҷои асосии ТҶҶ «НҶТ» воқеъ дар ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, утоқи 7, тел. барои тамос: 937577572, 446206146, 378807572;

б) Аз тарафи мактабхои №37 деҳаи Вогат, ҷамоати Сабристон,  №45 деҳаи Тошбек, ҷамоати Гули Сурх,  н.Истаравшан бояд ба:

- корҷои Намояндагии ТҶҶ «НҶТ» вокеъ дар ш.Хуҷанд, квартали Бофанда, к.Тестилшикҳо, бинои Маҷмааи варзиши-тандурустӣ, тел. барои тамос: 92 7408613, 8342241212;

в) Ё дар шакли электронӣ аз сомонаи ТҶҶ «НҶТ» www.ygt.tj

 

РӮЗИ ОХИРИ ҚАБУЛИ ЛОИҲАҲОИ ХУРД – 10 МАРТИ  СОЛИ  2016v

 

 

Дастурамал  оид ба Озмуни лоиҳаҳои хурд «Тозагӣ-гарави саломатӣ!» дар доираи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена, дар мактабҳо ва тавассути мактабҳо». 

Интересная статья? Поделись ей с другими:

Добавить комментарий

Ваш комментарий будет добавлен после просмотра модератором сайта


Защитный код
Обновить

Сейчас 85 гостей онлайн
Просмотры материалов : 492760