Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации ТҶҶ «НҶТ» тадбиқи лоиҳаи «Трасека бехатарӣ дар роҳ II»-ро бо мувафақият анҷом дод.

     

 

РЕЗА-АХБОР

 19 январи соли 2016, сешанбе,

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии

«Насли ҷавони  Тоҷикистон»

(ТҶҶ «НҶТ»).

 

ТҶҶ «НҶТ» тадбиқи лоиҳаи «Трасека бехатарӣ дар роҳ II»-ро бо мувафақият анҷом дод.

Тадбиқи лоиҳа, оид ба ташкили роҳрави нақлиётии Аврупо - Кавказ - Осиё (ТРАСЕКА) аз ҷониби Комиссияи Авруопоӣ дар соли 1993  бо мақсади ташкил намудани роҳрави нақлиётӣ аз Аврупо ба Чин ба воситаи Баҳри Сиёҳ, Қафқоз, Баҳри Каспий ва Осиёи марказӣ оғоз  шуда буд.

Мақсади асосии  лоиҳаи ТРАСЕКА, ки  Комиссияи Аврупоӣ тадбиқ менамояд, мустаҳкам намудани муносибатҳои иқтисодӣ, савдо ва алоқаи нақлиётӣ  дар байни  давлатҳои дар лоиҳа иштироккунанда мебошад.

 Беҳдошти бехатарии ҳаракат дар роҳ, яке аз қисматҳои муҳими инкишоф ва  мутаҳидии минтақавии давлатҳои ТРАСЕКА мебошад. Барои ҳамин давлатҳои –иштирокчӣ ба хулосае омаданд, ки  бо мақсади таъмини бехатарии ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат, фаъолияти якҷояро  нисбати коркарди қарордод дар сатҳи минтақавӣ ва маҳаллӣ оид ба ташкил намудани Нақшаи Минтақавии Амалиёт дар бораи  Бехатарии ҳаракат дар роҳро тақвият диҳанд.

 Тоҷикистон низ яке аз давлатҳои  иштирокчии ТРАСЕКА ба ҳисоб  рафта  лоиҳаи мазкурро тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари  Тоҷикистон  ва ТҶҶ «НҶТ»  дар амал тадбиқ менамояд.

Лоиҳаи мазкур аз се қисмат иборат мебошад:

  1. Бехатар ба мактаб - бехатар ба хона

Мақсади қисмати «Бехатар ба мактаб- бехатар ба  хона » - ин пеш аз ҳама кам кардани шумораи маҷрӯҳшавӣ ва фавти кӯдакону наврасон бар асари фалокатҳои роҳу нақлиёт, дар роҳ ба сӯи мактаб ва ба сӯи хона, инчунин беҳдошти бехатарии кӯдакон ва наврасон дар роҳ  аз  мактаб то хона ва баракс, тавассути чунин чорабиниҳо мебошад:

Гузоштани  маҳсули коркарди муҳандисии арзон бо мақсади баланд бардоштани бехатарии кӯдакону наврасон дар роҳ.

Таъмини назорати доимӣ  аз рӯи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо қувваи кормандони БДА ва на танҳо.

Таълими  асосҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба кӯдакон ва волидони онҳо. 

Ҷалб намудани диққати ҷомеъа ба лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар доираи он амалӣ гардонида мешаванд.

2. «Омилҳои хавфнок ва  дахолати конструктивӣ»

Мақсади қисмат:

 «Муайян намудани омилҳое, ки ба хавфи сар задани Ҳодисаҳои ҳои роҳу нақлиёт   (ҲРН),  ҳангоми ҳал намудани масъалаҳои баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, таъсир мерасонанд»

Вазифаҳои қисмат:

•Ошкор намудани омилҳое, ки  хавфи сар задании ҲРН-ро зиёд мекунанд.

•Ошкор намудани омилҳое, ки хавфи ҳалок ва маҷрӯҳшавии иштирокчиёни ҳаракатро зиёд мекунанд.

•Гузаронидани дахолати конструктивӣ барои бартараф намудани омилҳои афзояндаи   хавфнокӣ дар намуди:  

Чорабиниҳои ҳифзи ҳуқуқӣ

Маркетинги иҷтимоӣ   ва чорабиниҳои иттилоотиву равшаннамоӣ

Таҳсилот

Қарорҳои муҳандисӣ

 Барои ба мақсад ноил шудан, ин чунин  иҷрои вазифҳо дар доираи лоиҳа, ТҶҶ «НҶТ» як қатор таҳқиқот ва чорабиноҳои зеринро ба монанди:

Гузаронидани хронометражи  шиддатнокии ҳаракати  воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон дар кӯчаи Н.Қаробоев.  Дар  асоси он муайян карда шуд, ки дар давоми як  соат  ба ду самт 4000 ҳазор воситаи нақлиёт ҳаракат намуда, суръати миёнаи ҳаракаташон  дар назди мактаб  55км/с –ро ташкил дод, ки аз ҷониби онҳо реҷаи суръатнокӣ дар назди мактабҳо 40км/с. риоя карда намешуд.

Гузаронидани хронометражи  шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи С.Шерозӣ  нишон дод, ки дар давоми як соат ба ду самт 25000 воситаи нақлиёт ҳаракат намуд, суръати миёнаи ҳаракаташон  67км/с-ро ташкил дод.

Гузаронидани пурсиши афкори умуми аҳолӣ оид ба риояи ҚҲР дар байни  85 нафар ронандагон ва 185 нафар пиёдагардон.  Дар натиҷаи пурсиш  муайян карда шуд, ки қисми зиёди ронандагон (50,1%) реҷаи суръатнокии нақлиётро дар маҳалли аҳолинишин намедонанд ва онро риоя намекунанд. 70% пиёдагардони пурсидашуда оид ба ҚҲР тасаввурот доранд, лекин қисми зиёди пиёдагардони пурсидашуда (51,2%) хавфи бехатарри ҳаракатро дарк накарда ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.

Гузаронидани мизи мудаввар бо ҷалб намудани мақомоти дахлдор, барои андешидани чораҳо баҳри бартараф намудани омилҳои   хавфнок.

Гузаронидани аксияҳо оид ба баланд бардоштани воқифият аз ҚҲР

Гузаронидани «Рӯзи ёдбуди қурбониёни ҲРН»

Лоиҳа натиҷаҳои бомуваффақияти муҳандисиву таълимиро нишон дод.

 Дар натиҷаи дахолати муҳандисӣ:

 1. Дар кӯчаи Н.Қаробоев назди МТМУ-и № 28 чор чароғаки раҳнамо таъмир карда шуданд.

 2. Аломатҳои роҳи «Кӯдакон» ва  «Маҳдудияти суръати ниҳоӣ» 40км\с, ин чунин ронандагон оид ба реҷаи суръати ҳаракт дар назди мактаб, хотиррасон карда шуданд.

  Оид ба қисми таълмӣ,  дар натиҷаи чорабиниҳои гузаронидашуда ва аксияҳо сатҳи дониши талабагони МТМУ №28 ба 9,8% афзун шуда, 83,7%-ро ташкил намуд.

 Давомнокии лоиҳа: Августи - декабри соли 2015.

 

Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

734003, ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112 ут. 7,

тел.: +992 37 8807572, +992 44 6206146, 378817572, 446205921;

 

Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

 

 

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 80 гостей онлайн

Warning: Creating default object from empty value in /var/www/mmko/data/www/mmko.tj/modules/mod_stats/helper.php on line 106
Просмотры материалов : 515523