Get Adobe Flash player
кратко о ммко Вопросы здоровья Санитария и водоснабжение РЕЗА-АХБОР

РЕЗА-АХБОР

26-уми ноябри соли 2015, панҷшанбе

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии

«Насли ҷавони Тоҷикистон» (ТҶҶ «НҶТ»)

ш.. Истаравшан

 

 

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии«Насли ҷавони Тоҷикистон» (ТҶҶ «НҶТ») аз моҳи сеньябри соли

 2014 ин ҷониб  лоиҳаи «Обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиена дар мактаб  ва тавассути мактаб»-ро дар шаҳрҳои «Ваҳдат» ва «Истаравшан» амалӣ гардонида истодааст.  Мақсади асосии лоиҳа ин:

       «Паст кардани сатҳи паҳншавии касалиҳои сирояткунанда дар байни кӯдакон ва наврасони то 14 сола, ки бо сабаби набудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати қаноатбахши санитарӣ-гигиенӣ дар шаҳрҳои Вахдат ва Истаравшани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, мебошад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур намояндагии ТҶҶ «НҶТ» дар ш.Хуҷанд, 23-25-уми ноябри соли 2015, дар мавзӯи: «Сохтмони эко-сан ҳоҷатхона» ва «Беҳдошти обтаъминкунӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №45, деҳаи «Вогат», ва деҳаи «Тошбек»-и ш.Истаравшан» ду ҷаласаи корӣ гузаронид.

  Иштирокчиёни асосии ин ҷаласаҳо, омӯзгорони мактабҳо, аъзоёни Ассотсиатсияи волидон ва омӯзгорон  (АВО) буданд.

    Дар вақти мубоҳиса  аксарияти иштирокчиёни ҷаласа нисбати ТҶҶ «НҶТ» ва ташкилотҳои маблағгузор барои кӯмак ва ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар деҳаҳои    «Вогат» ва «Тошбек» миннатдории худро баён намуданд. Ғайр аз ин иброз доштанд, ки дар сохтмони Эко-сан ҳоҷатхонаҳо ва беҳдошти ҳолати санитариву гигиенӣ ва обтаъминкунӣ дар мактабҳо саҳми худро мегузоранд, чун ки беҳдошти иншооти санитариву гигиенӣ дар  мактабҳо қисми

асосии фароҳам овардани шароити таъминкунандаи ҳифзи сиҳати ва ташаккули  ҳаёти солими одамон мебошад.

Дар натиҷаи ҷамъбасти  ҷаласаи корӣ, нақшаҳои кории сохтмони эко-сан ҳоҷатхонаҳо ва беҳдошти шароити обтаъминкунии мактабҳои номбурда тарҳрезӣ карда шуданд.

 

 

Барои гирифтани маълумоти пурра ба суроғаи зерин муроҷиат намоед.

735700,  ҶТ, ш. Худжанд, квартали  Бофанда, к. Текстилчикҳо

тел. (+992 3422) 41212, 927748613

 

Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

 

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 16 гостей онлайн
Просмотры материалов : 492708