Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости Вохӯрӣ бо намояндагони ташкилоти «Кӯмак ҳангоми сӯхтор»

Вохӯрӣ бо намояндагони ташкилоти «Кӯмак ҳангоми сӯхтор»

 Имрӯз (06.11.с.2015), вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва ташкилоти байналмилалии британягии «Кӯмак ҳангоми сӯхтор» доир гардид. Дар ин вохӯрӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия 

Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Абдуллозода Зумрад, роҳбари ташкилоти байналмилалии «Кӯмак ҳангоми сӯхтор» Алфред Вилсон, сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» Мирзораҳимов Ҳабибулло ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самти расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони ҳодисаҳои сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ, дигар ҳолатҳои фавқуллода, пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш ва паст намудани сатҳи фавт ва осеб дидани одамон, хусусан наврасону ҷавононро баррасӣ намуданд.

Муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов ба роҳбарияти ташкилоти байналмилалӣ барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуда, қайд кард, ки чунин ҳамкориҳо минбаъд ҳам вусъат хоҳанд ёфт.

Дар вохӯрӣ роҳбари ташкилоти байналмилалии «Кӯмак ҳангоми сӯхтор» Алфред Вилсон баромад намуда, иброз дошт, ки ташкилоти онҳо омода аст, бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, кӯмаки худро дар намуди таҷҳизотҳои техникии оташнишонӣ, ёрии аввалини тиббӣ ва баргузории тренингҳои омӯзишии кормандони оташнишонӣ ва тиб расонад.

Дар вохӯрӣ иштирокчиёни дигар низ баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баҳри тақвият додани робитаҳои мутақобилан судманд изҳор доштанд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ ба анҷом расид.

Нимаи дуюми рӯз, намояндагони ташкилоти байналмилалии «Кӯмак ҳангоми сӯхтор» ба Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими ба ин ниҳод супурдани таҷҳизотҳои техникӣ ва дигар лавозимоти самти оташнишонӣ ва тиббӣ, аз қабили сару либоси муҳорибавӣ, таҷҳизоти наворбардорӣ ва ёрии аввали тиббӣ, инчунин сертификатҳои хатми тренингҳои омӯзишӣ оиди истифодаи таҷҳизотҳои зикргардида аз ҷониби кормандони СХДО ВКД иштирок намуданд.

Дар ин чорабинӣ Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҳю Филлотт суханронӣ намуда, хатмкунандагони тренингро барои омӯзиши бомуваффақ табрик намуд. Мавсуф қайд кард, ки боварӣ дорад, ин таҷҳизотҳои супоридашуда, барои наҷоти ҷабрдидагон мусоидат намуда, агар ҷони нафареро наҷот диҳанд, аз он фахр хоҳанд кард. Дар оянда низ чунин ҳамкориҳо идома ёфта, доираи кӯмакҳои техникӣ васеъ карда мешаванд.

Дар навбати худ, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим баромад намуда, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии «Кӯмак ҳангоми сӯхтор» барои расонидани кӯмак изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар охир бо иштироки меҳмонону ҳайати шахсии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ расми хотиравӣ гирифта шуд.

Солиҳов Х., майори милитсия

 

Cохта шуд , 06 11 2015, 17:10 

http://www.mvd.tj/index.php/tj/munosibatoi-bajnalmilal/9140-vokh-r-bo-namoyandagoni-tashkiloti-k-mak-angomi-s-khtor 

Интересная статья? Поделись ей с другими:

Добавить комментарий

Ваш комментарий будет добавлен после просмотра модератором сайта


Защитный код
Обновить

Сейчас 27 гостей онлайн
Просмотры материалов : 492716