Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации ТҶҶ («НҶТ») фаъолияти худро дар доираи бехатарии ҳаракат дар роҳ идома медиҳад

 

РЕЗА-АХБОР

17августи 2015г., душанбе,

Ташкилоти ҷумҳуриявии ҷамъиятии

«Насли ҷавони Тоҷикистон»

(ТҶҶ «НҶТ»).

 

ТҶҶ («НҶТ») фаъолияти худро дар доираи бехатарии ҳаракат дар роҳ идома медиҳад

 Барои дастгирӣ. кӯшиш ва мусоидат намудан ба мустаҳкам кардани  муваффақиятҳои Сохтрҳои давлатӣ ва Ҳамшарикон, оид ба вусъат бахшидан ба кори бехатарии ҳаракат дар роҳ, яке аз мисолҳои рӯшанест, ки   бо ташаббуси «Душанбе- шаҳри бехатар», ТҶҶ «НҶТ» бо дастгирии Алянси шарқӣ барои навқлиёти бехатар ва устувор, лоиҳаеро бо мақсади: «Кам кардани вусъати паҳншавии ҷароҳатбардорӣ ва ба ҳалокат расидани кӯдакону наврасони то синни 16 сола бар асари фалокатҳои роҳу нақлиёт (ФРН) дар ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ намудааст. 

ТҶҶ «НҶТ» аллакай дар ин самт таҷрибаи корӣ дорад, яъне дар соли 2014 НҶТ панҷ мактаби  миёнаи таҳсилоти умумии (ММТУ) ноҳияи Фирдавсиро ба сифати пилотӣ дар доираи лоиҳаи Алянси шарқӣ оид ба нақлиёти бехатар ва устувор (АШНБУ) интихоб намуда буд.

Дар натиҷа нисбат ба соли 2013, дар соли 2014 шумораи ФРН ба 33,7%, ҳалокшудагон ба 77,3 %ва ҷароҳатбардоштагон ба 25,5% кам ба қайд гирифта шудааст.

Хусусан дар моҳҳои январ-марти  соли 2015 шумораи ҷароҳатбардоштагон дар байни кӯдакону наврасони то 16 сола  нисбат ба ҳамин давраи соли 2014, ба 17 ҳолат кам ба қайд гирифта шудааст.

Муҳимият ва пурмаънигии амалияи лоиҳа ба нишондаиҳандаҳои баланди омории шумораи ФРН, ки бар асари онҳо кӯдакону наврасон ба ҳалокат мерасанд, вобастагӣ дорад.

Тоҷикистон яке аз давлатҳои камбизоат дар Осиёи Марказӣ ба хисоб рафта (Маҳсулоти истаъмолии дохилӣ (ВВП) ба сари аҳолӣ 990 доллари ИМА, БУ, 2013с).,  масъалаи травматизми нақлиётиро дар худ тез эҳсос менамояд. Дар давоми дҳ сол(солҳои 2005-2014)  бар асари ФРН 4575 нафар ба ҳалокат расида, 17899 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Танҳо дар соли 2014 дар мамлакат бо иштироки кӯдакону наврасони то сини 16 сола 439 садамаи нақлиётӣ(29% аз ҳисоби умумии садамаҳо) ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 97нафар(21,7% аз  ҳисоби умумӣ) ба ҳалокат расида, 377 нафар (21,6% аз ҳисоби умумӣ) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ин гуфтаҳо далели он аст, ки ҳар  чорум ҷабрдида бар асари ФРН кӯдак ё наврас мебошад.

Кам кардани шумораи ФРН, ҳамчунин шумораи ҷабрдидагон аз он ҷумла кӯдакону наврасон, танҳо бо роҳи ҷорӣ намудани  рафтори бехатари кӯдакону наврасон дар роҳ имконпазир аст.

Лоиҳа тадбиқи чорабиниҳоеро  пешбинӣ менамояд, ки онҳо бехатарии кӯдакону наврасонро дар роҳ бо самтҳои зерин баланд мебардорад:

 

· Омӯзиши кӯдакону наврасон ба рафтори бехатар дар роҳ;

· Баланд бардоштани малакаи касбии омӯзгорон оид ба масъалаҳои рафтори бехатари кӯдакону наврасон дар роҳ;

·  Салоҳияти волидайн дар масъалаҳои рафтори бехатари кӯдакону наврасон дар роҳ.

 

 Давомнокии лоиҳа: Моҳҳои август 2015г.- май 2016г.

 

Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

 

734003, РТ, г. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, ут. 7,

тел.: +992 37 8807572, +992 37 8817572, +992 44 6205921;

info@ygt.tj|www.ygt.tj

 

# # #

1Далелҳои Аврупои ва маърӯза оид ба ҳолатҳои бехатарии ҳаракат дар ҷаҳон.

(Маърӯзаи ТУТ,2013с.)

² Ахбори таҳлилӣ оид ба ҳолатҳои фалокатҳои роҳу нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон (МВД, УГАИ, 2014с.)

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 9 гостей онлайн
Просмотры материалов : 419043