Get Adobe Flash player
кратко о ммко Вопросы здоровья Санитария и водоснабжение «НҶТ» дар шҳрҳои Ваҳдат ва Истаравшан, оид ба ҷалб намудани гурӯҳҳои маҳаллии мактабҳои лоиҳавӣ, баҳри беҳдошти ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиена дар мактабҳо ҷаласаи корӣ доир намуд.

 

 


 

 

 

 

 

 

РЕЗА-АХБОР

 

 

 

31 августи соли 2015 , душанбе,

Касянова Лариса, Муттахассис оид ба иттилооти

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии   

«Насли  ҷавони  Тоҷикистон»

(ТҶҶ «НҶТ»

 

«НҶТ» дар шҳрҳои Ваҳдат ва   Истаравшан,  оид ба ҷалб намудани гурӯҳҳои маҳаллии мактабҳои лоиҳавӣ,  баҳри  беҳдошти ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиена дар мактабҳо  ҷаласаи корӣ доир  намуд.

 Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бойи  обӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамарӯза дар қаламрави мамалакат 64 миллиард, мукааб об ба вуҷуд меояд, ки наздики 60% оби дарёҳои ҷориро ташкил медиҳад.

 Ҳукумати Тоҷикистон оид ба масъалаҳои беҳдошти таъмини иқтисодиёти миллӣ дар мамлакат аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

 Аз рӯи иттиллои  баъзе аз сарчашмаҳо наздики 750 миллион нафар одамон дар ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ,  2.5 миллиард одамон ба шароити санитарии асосӣ ва 1,3 миллиард одамон ба қувваи барқ  дастрасӣ надоранд.

 Офатҳои табии вобаста ба об, ба ҳисоби миёна дар як сол  ба маблағи умумии зиёда аз 60 миллиард доллари ИМА, хушксолӣ  ва биёбоншавӣ бошад ба сарчашмаи воситаҳои

мавҷудияти зиёда аз 1,2 миллиард одамон дар тамоми ҷаҳон таҳдид менамояд 1.

  ТҶҶ «НҶТ»   лоиҳаи «Обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена дар мактабҳо таввасути мактабҳо»-ро амалӣ гардонида истодааст, ки  мақсад  аз он, кам кардани ҳолатҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакони то 14 сола, ки бо сабабҳои набудани рафтори бахатари гигиенӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти манбаъҳои санитарӣ  дар ноҳияҳои Ваҳдат ва Истаравшани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Яке аз вазифаҳои муҳими лоиҳа, ин инкишофи обшинаҳои мактабие мебошад, ки оид ба масъалаҳои обтаъминкунӣ санитарӣ  ва гигиена дар мактабҳо машғуланд.

 Бо ин мақсад моҳи августи соли 2015, дар ташкил намудани Ассотсиатсияи волидайн ва омӯзгорон (АВО) ва коркарди Нақша оид ба беҳдошти шароити санитарӣ ва гигиенӣ дар мактаб зиёда аз 80 нафар волидон, омӯзгорон намояндагони маъмурии мактабҳои лоиҳавӣ ва шӯъбаҳои маорифи шаҳрҳои Ваҳдат ва Истаравшан ширкат варзиданд.

 Дар рафти вохӯрии корӣ  иштирокчиён бо фаъолияти ТҶҶ «НҶТ», лоиҳаи   «Обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена дар мактабҳо таввасути мактабҳо» ва мақсаду вазифҳои он ошноӣ пайдо намуданд.

Барои  муттаҳид намудани амалиёти ҷамъияти маҳаллӣ дар ҳалли  масъалаҳои вобаста ба санитария, гигиена ва обтаъминкунӣ, лоиҳа, ташкил намудани АВО-ро пешбинӣ намуда буд, ки вай  на танҳо як гурӯҳи ҷамъиятро водор менамояд, балки диққати васеъи аҳли ҷамъияти шаҳрҳои Истаравшан ва Ваҳдатро ҷалб менамояд.

 

 

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба суроғаи:

734003, РТ, г. Душанбе, проспект Рудаки 112, каб. 7,

тел.: +992 37 8807572, +992 37 8817572, +992 44 6205921;

Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj, муроҷиат намоед.

  

 

1. http://waterforlifeconf2015.org/vy-stuplenie-prezidenta-respubliki-tadzhikistan-na-mezhdunarodnoj-konferentsii-vy-sokogo-urovnya-po-itogam-realizatsii-mezhdunarodnogo-desyatiletiya-dejstvij-voda-dlya-zhizni-2005-2015gg/

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 19 гостей онлайн
Просмотры материалов : 366797