Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации Озмуни нозирони навраси ҳаракати Роҳ дар Тоҷикистон 5 сола шуд
 

18 июни 2015 сол., Душанбе,
Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии
«Насли ҷавони Тоҷикистон»
(НҶТ).

ОЗМУНИ НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТИ

РОҲ ДАР ТОҶИКИСТОН 5 СОЛА ШУД.

 Тӯли 5 сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ (ННҲ) баргузор карда мешавад. Мақсади озмуни ННҲ пеш аз ҳама инкишоф додани корҳо доир ба гирифтани пеши руҳдиҳии фалокати роҳу нақлиёт, вазнинии оқибати онҳо бо иштироки кӯдакону наврасон ва ҷалб намудани диққати идораю ташкилот ва ҷамъиятҳои марбут оиди ба масъалаҳои пешгирии фалокатҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон мебошад.

 Имсол низ ин озмун бахшида ба Соли оила  дар сатҳи баланд ва бори нахуст дар ҳайати 14 даста аз шаҳру ноҳияҳои Б.Ғаффуров, Ваҳдат, Данғара, Душанбе, Истаравшан, Конибодом, Рашт, Рӯдакӣ, Турсунзода,  Ҷ.Румӣ, Ҷиликул, Шаҳринав ва Шуғнон баргузор гардид.

Маросими ифтитоҳи Озмун рӯзи 1- июн бахшида ба Рӯзи кӯдакон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид.

Тибқи барномаи озмуни ННҲ рӯзҳои дуюм, сеюм ва чорум дар Истироҳатгоҳи сайёҳии «Варзоб» иштирокчиён аз рӯи 10 мусобиқа рақобат карданд:

1.      Азназаргузаронии сафороӣ.

2.      Донишмандони қойдаҳои ҳаракати роҳ.

3.      Дарси кушод (барои омӯзгорон).

4.      Чархи амонӣ.

5.      Танзимгари наврас.

6.      Малакаи касбӣ (барои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ).

7.      Санитари наврас.

8.      Дастаи ман.

9.      Гурӯҳи ташвиқотӣ.

10.  Пурдонҳо.

Сабқати дастаҳо тезу тунд ва шавқовар баргузор гардид ва ҳар даста мехост, ки ғолиби озмун шавад.  Дар натиҷа баъди талошу кӯшишҳои зиёд дастаи ННҲ –и шаҳри Конибодом сазовори ҷойи якум, дастаҳои ноҳияи Б.Ғафуров ва Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ҷои дуюм ва дастаҳои ноҳияи Ҷ.Румӣ ва МТМУ №42-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷои сеюм- ро сазовор гаштанд. Ба ғолибон ва дигар иштирокчиён аз ҷониби Ҳайати тадорукоти озмун тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Озмуни 5-уми ҷумҳуриявии Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ бо ташаббуси Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Ширкати миллии «Фароз», НҶТ, Иттиҳоди Шарқӣ оид ба Нақлиёти Устувор ва Бехатар  ва Тоҷиксуғурта ташкил ва гузаронида шуд.

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ Шумо метавонед

ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

 

734003, Тоҷикистон, Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, утоқи 7,
тел.корӣ: +992 37 8807572, +992 37 8817572, +992 44 6205921;
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript  | www.ygt.tj   

 


Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 30 гостей онлайн
Просмотры материалов : 451844