08 июни 2015 сол., Душанбе,
Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии
«Насли ҷавони Тоҷикистон»
ТҶҶ(НҶТ)
Таҷлили Рӯзи кӯдакон дар Боғи «Ирам».
1 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мешавад, ки он моҳи ноябри соли 1949 дар шаҳри Париж бо қарори конгресси Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд.
Дар ин рӯз дар саросари ҷумҳурӣ бахшида ба ҳифзи кӯдакон ва ҳуқуқи онҳо ба зиндагии шоиста чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ мешаванд.
Чунин як чорабини дар Боғи Ирам бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд, ки дар он кӯдакони зиёд аз Мактаб – интернатҳо, боғчаҳо, литсейҳо ва марказҳои кӯдакон иштирок намуданд.
Кормандон ва волонтёрони ТҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон» дар ин чорабини хело фаъол буданд. Онҳо роҳбаладӣ, расмкашӣ ва баргузории бозиҳои шавқоварро ба ӯҳда доштанд.
Бо дидани чунин манзараҳои зебо ва бозиҳои шавқовар хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт ва то дер чорабини идома кард.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуски Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» дар якҷояги бо аъзоёни Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Барои маълумоти иловагӣ Шумо метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:
734003, Тоҷикистон, Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, утоқи 7,
тел.корӣ: +992 37 8807572, +992 37 8817572, +992 44 6205921;
info@ygt.tj| www.ygt.tj
< Предыдущая | Следующая > |
---|