Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости ЭЪЛОН!

ЭЪЛОН!

        Ба диққати Шумоён мерасонем, ки Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ) ташаббусҳои пешгирифтаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҶВС) бахшида ба 23 май – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвонӣ  "Ҷавонон - давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар"- ро дастгирӣ намуда нақша-чорабиниҳои аъзоёни ИТҶТ бахшида ба 23 май – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - ро тариб додааст. (Заммима мегардад).

Дар доираи нақша – чорабинии заммима гардида рӯзи 23 – май дар Боғи Ирам (ботаникии) –и  шаҳри Душанбе чорабинии тантанавии фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони "Шоми ҷавонӣ" баргузор мегардад.

Агар хоҳиши ба намоиш гузоштани дастовардҳои худро ҳамчун аъзои ИТҶТ дар ин чорабини дошта бошед то санаи 20.05.2015 (чоршанбе) соати 1400  тариқи телефонҳои +992 378807572+992 938399652 ё почтаи электронии sjalolov@ygt.tj тасдиқ намоед.

Агар хоҳиши тақдиму паҳн намудани  китоб ё маводҳои тақсимоти дар самти фаъолияти худ (аз ҷумла дар самти  саломатӣ, маориф, фарҳанг ва ғайра) дошта бошед,  ба мо дар суроғаи зерин дастрас намоед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, утоқи 7

(собиқ кинотеатри 8-уми март)

        

Китоб ва маводҳои тақсимоти барои Амалиёти навбатии ҷумҳуриявии «Биёед китоб мехонем!» ба ҷавонон дастрас карда мешавад.

 

Барои дастгирӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои пешомадаистода, лутфан сипосгузорем!

Интересная статья? Поделись ей с другими:

Добавить комментарий

Ваш комментарий будет добавлен после просмотра модератором сайта


Защитный код
Обновить

Сейчас 112 гостей онлайн
Просмотры материалов : 503781