Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации Фаъолияти муштараки эътилофҳои ватаниву аврупоӣ баҳри боздошти сил дар Тоҷикистон.

Фаъолияти муштараки эътилофҳои ватаниву аврупоӣ баҳри боздошти сил дар Тоҷикистон.

Аз 13 то 20-ми апрели соли ҷорӣ ба Тоҷикистон намояндагони Эътилофи мубориза зидди сил дар Аврупо (ЭМЗСА) бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории бисёрҷабҳа дар самти боздошти сил дар Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Дар доираи барномаи сафари кории ЭМЗСА дар ҳамҷоягии ҲБСТ бо 14 Вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналхалқиву ватанӣ вохуриҳои судманд гузаронида шуданд.  

04 майи 2015с., Душанбе,   

Эътилофи «Ҳамкории боздошти

сил дар Тоҷикистон»

    (ҲБСТ).

 ФАЪОЛИЯТИ МУШТАРАКИ ЭЪТИЛОФҲОИ ВАТАНИВУ АВРУПОӢ

БАҲРИ БОЗДОШТИ СИЛ ДАР ТОҶИКИСТОН.

 

 

Аз 13 то 20-ми апрели соли ҷорӣ ба Тоҷикистон намояндагони Эътилофи мубориза зидди сил дар Аврупо (ЭМЗСА) бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории бисёрҷабҳа дар самти боздошти сил дар Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Дар доираи барномаи сафари кории ЭМЗСА дар ҳамҷоягии ҲБСТ бо 14 Вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналхалқиву ватанӣ вохуриҳои судманд гузаронида шуданд.

Ҳамзамон 18-19 апрели соли равон бо мақсади васеъкунии имтиёз ва имкониятҳои ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои деҳот дар самти мубориза бо бемориҳои сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш гузаронида шуд. Дар чорабинӣ 28 аъзоёни ҲБСТ ва мутахассисони соҳаи сил аз якчанд шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар рафти омӯзиш, масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:

           Таҳияи феҳристи умумии мушкилотҳои соҳаи сил ва роҳҳои бартараф кардани онҳо;

          Ёдовар кардани мароми адвокатсия ва вусъатдиҳии малакаҳои адвокатсионии пешвоёни соҳаи сил;

          Муҳокимаи маънидориву нақши беморони сил ва шахсони аз сил шифоёфта дар самти  адвокатсияи масъалаҳои мубрами сохаи сил;

          Пешкаши кӯмак дар раванди рушди сохтор, дурнамо ва барномаи фаъолияти Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон».

 Яке аз нақшаҳое, ки дар рафти барномаи омӯзишӣ таҳия шуд ва иштирокчиён дар паи иҷрои он аллакай фаъолиятро шурӯъ кардаанд, ин ташкил намудани як “Кумитаи амал” дар назди ҲБСТмебошад, ки аъзоёни он собиқ беморон мебошанд. Кумитаи амал як гурӯҳи худидоракунанда ва муташаккили фаъолон мебошад, ки байни муассисаҳои тиббӣ ва беморони силу маҳаллаҳо ҳамчун ”кӯпрук” хизмат хоҳанд кард. Гурӯҳи фаъолон барои кумаки барномаи миллии мубориза бо бемории сил дар иҷрои амалҳои зерин ташаббус гирифтааст:

             Дастгирии равонии беморони сили шакли мутобиқгашта;

            Назорати раванди табобат барои дуруст риоя шудани табобат аз тарафи беморон;

            Дарёфти нафарон, ки нишонаҳои бемории силро доранд ва роҳнамоии онҳо барои аз санҷиши духтур гузаштан;

            Дарёфти нафарон, ки аз табобат саркашӣ карда ғайб задаанд;

            Баланд бардоштани сатҳи огоҳнокии ҷомеа оид ба бемории сил ва пешгирии он;

            Паст кардани тамғагузорӣ (стигма) атрофи бемории сил. 

 Аъзоёни “Кумитаи амал” тасмим гирифтаанд, ки ҳамчун собиқ бемор дар мубориза бо бемории сил як ҷузъи муҳим будани иштироки худро исбот кунанд. Минбаъд барои рушди маҳоратҳои адвокатсионӣ дар самти мубориза бо бемории сил онҳо дастгирӣ ёфта дар баррасиҳои муҳими масоили бемории сил ҳамчун намояндаи беморони сил ва маҳаллаҳо ҷалб мешаванд.

Дар назар аст, ки бо дастгирии координаторҳои минтақавии барномаи миллии мубориза бо бемории сил аъзоёни “Кумитаи амал” бо духтурони силшинос, марказҳои ДОТС ва инчунин бо раисони маҳаллаҳо дар саросари кишвар робитаи наздик ва пайваста барқарор кунанд, ки он барои аз нақша ба амал гузаштан зарур аст.        

Аъзоёни “Кумитаи амал” дар шаҳрҳои асосии кишвар (Душанбе, Қурғонтеппа, Кулоб, Хуҷанд, Хорӯғ ва инчунин водии Рашт) аз ҳисоби собиқ беморони фаъол таъйин карда шуд ва минбаъд чунин фаъолон аз тамоми ноҳияҳо низ ҷалб карда мешаванд.

Эътилофи мубориза зидди сил дар Аврупо - бунёде аст иборат аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳомиёни ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки оид ба бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи сил дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказӣ ҳамкорӣ дорад. Фаъолияти асосии Эътилофи Аврупоии боздошти сил иборат аз  ҳимоягар (адвокатсия)-ӣ дар соҳаи бемории сил ва нақши ходимони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ғамхорӣ ва назорати бемории сил мебошад. Мо талош меварзем, то ин ки шабакаи боз ҳам қавии ҳомиёнро, ки оиди он дар муҳокимарониҳои сатҳи байналмилаллӣ аксар вақт аҳамият дода намешавад, дар минтақа барпо кунем.

Эътилофи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” 30 июли 2014с. аз тарафи 76 нафар беморони сил, шахсони аз сил шифо ёфта, наздикони онҳо, намояндагони ташкилотҳои ҳавасманди зидди сил амалкунанда ва ВАО аз тамоми минтақаҳои Точикистон таъсис дода шудааст.  Мақсади Эътилоф аз «Паст кардани сатҳи паҳншавии бемории сил, маҳдудиятҳои вобаста ба бемории сил ва  ВНМО/БС, дар миқёси кишвар роҳ надодани ҳолатҳои бемории сили шакли мутобиқгашта ва бемории сили шакли мутобиқгаштаи васеъ» иборат аст. Котиботи Эътилоф дар назди Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Насли ҷавони Тоҷикистон” фаъолият мебарад.

 фотографии

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба Котиботи ҲБСТ муроҷиат намоед:

734003, ҶТ, ш. Душанбе, Хиёбони Рӯдакӣ 112, ҳуҷ. 7,

тел.: (+992) 378807572, 378817572, 446205921;  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

# # #

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 67 гостей онлайн
Просмотры материалов : 365692