Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости Робитаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷомеа мустаҳкам мегардад.

Робитаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷомеа мустаҳкам мегардад.

   Аз 31 марти соли равон фармоиши нави раиси Кумитаиҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода “Оид ба фаъолияти Кумита дар соҳаи танзими робита бо ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати таблиғи сиёсати давлатӣдар соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ” ба тавсиб расид, ки минбаъд робитаи Кумита бо ҷомеаро боз ҳам мустаҳкам менамояд. 

Ин иқдом бо мақсади танзим намудани робитаи хизматии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷомеа, инчунин ба таври васеъ ва мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ тавсеа бахшидани таблиғоти сиёсати давлатӣдар соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ рӯи даст гирифта шудааст . 

     Тибқи ин фармоиш Бахши таҳлилу иттилооти Кумита ҳамчун воҳиди ҳамоҳангсоз дар робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма муайян гардидааст, ки ҳамкории Кумитаро бо расонаҳо тақвият мебахшад. Инчунин, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани инъикос ва таблиғи фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сомонаи интернетии он аз нав барномасозӣ карда мешавад. Бахши таҳлилу иттилоот доир ба чорабиниҳои баргузорнамудаи Кумита дар самти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки аҳамиятиҷамъиятӣ доранд, хабарҳои фишурда омода ва дар сомонаи он ҷойгир месозад. Ин фармоиш ба Бахши таҳлилу иттилооти Кумита имконият медиҳад, ки барои наворгирӣ, аксбардорӣ ва омода кардани хабарҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ ва бо истифода аз технологияи муосир иштироки ихтиёриён (волонтёрон)-ро ҷалб намояд.

 

(Манбаъ http://youth.tj/tj/news/index.php?ELEMENT_ID=208 )

Интересная статья? Поделись ей с другими:

Добавить комментарий

Ваш комментарий будет добавлен после просмотра модератором сайта


Защитный код
Обновить

Сейчас 44 гостей онлайн

Warning: Creating default object from empty value in /var/www/mmko/data/www/mmko.tj/modules/mod_stats/helper.php on line 106
Просмотры материалов : 517186