Get Adobe Flash player
кратко о ммко Вопросы здоровья Санитария и водоснабжение Круглый стол в истаравшане

 

 

РЕЗААХБОР

                                                                                                     

06 январи соли 2015, Сешанбе,

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии

«Насли ҷавони Тоҷикистон» («НҶТ»).

Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 72% ањолї ба оби тозаи нушокї дастрасї дорандБа ин нигоњ накарда азрӯи маълумоти Маркази давлатии  санитарию гигиени  1710 нафар ба бемориҳоеки аз сабаби пастбудани дастрасӣ ба оби  тозаи ошомиданӣ ва ҳолати ѓайриқаноатбахши санитари-гигиени гирифторшудаандки аз ин шумора қариб 54% кӯдакону наврасон мебошанд.

        Аз ин рў  06 – январи 2015 сол дар бинои «Фарҳангсарои Ориёӣ» - и шаҳри Истаравшан бо ташаббуси НҶТ оиди оғози лоиҳаи «Обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена дар мактабҳо ва тавассути мактабҳо»нишасти матбуотӣ ва миззи мудаввар баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 50 нафар намояндагон; аз онљумла кормандони Мақомоти иҷроияи ҳркимияти давлатии ш.Истаравшан,  Раёсати маориф, Бахши ҳифзи муҳити зист, Шӯъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъа, Бахши кор бо ҷавонон, Маркази давлатии санитарию гигиении шаҳрї, намояндагони љамоати дењоти «Гули сурх»,  директорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми, раисони Кумитаи падару модарон ва Васоити ахбори омма иштирок карданд.

         Сараввал иштиркчиён бо фаъолияти НҶТ шинос шуданд. Баъдан ба онҳо маълумотҳо оиди «Ҳолати обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан дар ш.Истаравшан», «Ҳуқуқ ба тандурустӣ, об ва санитария. Шарҳи ҳуқуқи байналмиллалӣ ва миллӣ», «Бартариятҳои беҳтари санитарї ва гигиенї дар мактабҳо, махсусан барои занон ва духтарон. Тафсири тавсияҳо ва таҷрибаи пешқадам» ва лоињаи «Обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена дар мактабҳо ва тавассути мактабҳо» маълумот дода шуда, доири маълумотҳои дар боло зикргардида мубоњисаи кушод ташкил гардид.

        Дар охир, иштирокчиён ба иқдоми пешгирифтаи НҶТ изҳори миннатдорї баён намуда, омодагиашонро барои ҳамкорї бо имзои Созишнома  иброз намуданд.

 

Барои  маълумоти иловагӣ  метавонед ба Ёрдамчии менечери лоиха Сон Дмитрий мурочиат намоед:

 

735700,  ш. Хуҷанд, квартал Бофанда, кӯч.Текстилшиков

тел. (+992 3422) 41212, 927748613

 

 

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 53 гостей онлайн
Просмотры материалов : 451488