Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ВОЛОНТИЁРИ СОЛ -2014” БАРГУЗОР ГАРДИД.

 

РЕЗААХБОР

                                                                                                      

17 декабри соли 2014, Ҷумъа,

Ассотсиатсияи миллии волонтёрони

 Тоҷикистон

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ВОЛОНТИЁРИ СОЛ -2014”

БАРГУЗОР ГАРДИД.

                  Санаи 17 – уми декабри 2014 сол дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (АМВТ), Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) бо шарики ичтимоӣ Барномаи волонтёрони СММ дар Тоҷикистон ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ВОЛОНТИЁРИ СОЛ -2014” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 150 нафар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, инчунин волонтёрони АМВТ, аъзоёни ИҶТ ва донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ки дар тренингҳои омӯзиши АМВТ иштирок карда буданд ҳузур доштанд.

       Сараввал ҳозиринро бо фаъолияти Ассотсиатсия ошно намуда, оиди фаъолияти он ролики кӯтоҳмуддат намоиш дода шуд.

       Қисмати фарҳангии чорабиниро волонтёрони Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо саҳначаҳои тарбиявӣ ва мусиқиҳои ҷазоб хотири ҳозиринро шод гардониданд.

       Дар охир ҷоизаи «Волонтёри сол 2014» ба Шералӣ Ҷалолов дода шуда, барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои Ассотсиатсия ба Таманно Табарова, Азиза Носирова, Холова Ибодат, Шехвалиев Иброҳим ва Самандари Раҷабалӣ бо Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

       

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ Шумо метавонед ба

 Ассотсиатсияи милии волонтёрони Тоҷикистон муроҷиат намоед:

734003, Тоҷикистан, Душанбе, Хиёбони Рӯдакӣ 112, утоқи 7, тел.корӣ: +992 44 6205921, +992 37 8807572, +992 37 8817572;

Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.volunteer.tj

 

 

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 41 гостей онлайн
Просмотры материалов : 452949