Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации семинар 23-24/09/2014
РЕЗААХБОР
30 сентябри 2014с., Сешанбе,  
Ташкилоти ҷамъияти ҷумҳуриявии
 «Насли ҷавони Тоҷикистон»
(ТҶҶ «НҶТ»).
23 – 24 сентябри 2014с., дар Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил семинар оид ба «Омӯзиши корбари бо Усули нави маблағгузорӣ, ҳуқуқҳои инсон ва баробарии гендери, ҳамчунин иштироки ҷомеа дар таҳияи Консепсияи лоиҳаи миллӣ доир ба бемории сил ба Хазинаи умумиҷаҳонии мубориза бо БПНМ, сил ва вараҷа» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар семинар-машварат 13 аъзоёни Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» аз якчанд шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар рафти омӯзиш, иштирокчиён маълумотҳои зеринро ба даст оварданд: 
- Вазъи бемории сил дар Тоҷикистон: дастовардҳо ва масоилҳои ҳалталаб; 
- Ҳадаф, мақсад ва вазифаҳои Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон»»;
- Шиносоӣ бо Усули нави маблағгузории  Хазинаи умумиҷаҳонии мубориза бо БПНМ, сил ва вараҷа (ХУБСВ) ва иштироки Ташкилотҳои ҷамъияти дар он; 
-  Мустаҳкамкунии усулҳои ҷамъиятӣ;
- Ҳуқуқҳои инсон дар самти беҳдошти саломатӣ ва гендер; 
- Лоиҳаи Барномаи миллии стратеги оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020. 
Инчунин Консепсияи лоиҳаи миллӣ доир ба бемории сил мутобиқ ба талаботҳои ХУБСВ шунида ва мавриди муҳокима қарор дода шуд. 
Дар хотима иштирокчиён феҳристи тавсияҳоро омода карданд, ки он ба роҳбари гуруҳи кори барои дохилкунӣ ба Консепсияи лоиҳаи миллӣ доир ба бемории сил пешкаш карда шуд. 
 
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба ТҶҶ «НҶТ» муроҷиат намоед:
734003, ҶТ, ш. Душанбе, Хиёбони Рудаки 112, ҳуҷ. 7, 
тел.: (+992) 378807572, (+992) 937077572; Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj
# # #

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 41 гостей онлайн
Просмотры материалов : 452946