Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации Дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, лоиҳаи «БЕҲДОШТИ БЕХАТАРИ ДАР РОҲ ТАВАССУТИ ТАҲСИЛОТ» оғоз гардид.

 

РЕЗААХБОР

24 сентябри 2014с., Чоршанбе,    

Ташкилоти ҷамъияти ҷумҳуриявии

 «Насли ҷавони Тоҷикистон»

(ТҶҶ «НҶТ»).

Дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, лоиҳаи

«БЕҲДОШТИ БЕХАТАРИ ДАР РОҲ ТАВАССУТИ ТАҲСИЛОТ»

оғоз гардид.

Ҷароҳатҳои роҳу нақлиёти (ҶРН) яке аз сабабҳои фавти ҷавонони 10-24 сола мебошанд (30% аҳолии ҷаҳонро ин гурӯҳ ташкил медиҳад). Ва мувофиқи пешбинии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ наздикии соли 2015 ин падидаи номатлуб дар давлатҳои дорои даромади паст ва миёна сабаби асосии маъюбӣ ва фавти бармаҳали кӯдакони 5-14 сола мегардад. Ки боиси талафи бештари умри инсон нисбат ба осеби вараҷа, сил ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мешавад¹.

Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон мушкилоти ҶРН-ро низ ҳис мекунад. Тӯли 10 соли охир (аз 2004 то 2013) дар натиҷаи Ҳодисаҳои роҳу нақлиёти (ҲРН) 4544 нафар ҳалок ва 17709 нафар маҷрӯҳ шуданд. Бо назардошти он ки 70% аҳолии кишварро кӯдакону ҷавонони то 30 сола ташкил медиҳанд дар 56,4% ҳолатҳо, тасодуфан ин гуруҳи аҳолӣ гунаҳкор ва фидои ҲРН шудаанд. Танҳо кӯдакон ва наврасони то 16 сола дар натиҷаи ҲРН 454 нафар (20,2%) қурбон ва 1869 нафар (22,3%) маҷрӯҳ гаштаанд².

Бо мақсади дастгирии кӯшиш ва мусоидат баҳри вусъатдиҳии комёбиҳои Сохторҳои давлатӣ ва Шарикони раванди рушд дар самти бехатарии роҳ, ки яке дастовардҳои назараси он ин ташаббуси «Душанбе шаҳри бехатар» мебошад ТҶҶ «НҶТ» бо кӯмаки Иттиҳоди шарқӣ барои нақлиёти бехавф ва устуворлоиҳаеро пеша кардааст, ки мақсади он ин: «Паст кардани сатҳи вусъатёбии маҷруҳшавӣ ва фавти кӯдакону наврасони то 16 сола ҳангоми ҲРН дар ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.  

Лоиҳа ба инкишофи ҳаракати Нозирони навраси ҳаракат дар самти тарғибу ташвиқи Қоидаҳои бехатари дар роҳ байни кӯдакону наврасон мусоидат менамояд.

 

Давомнокии лоиҳа: сентябр-марти 2014с.

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба Менеҷери лоиҳаҳои ТҶҶ «НҶТ»

Назирбаев Бахтиёр муроҷиат намоед:

734003, ҶТ, ш. Душанбе, Хиёбони Рудаки 112, ҳуҷ. 7, тел.: (+992) 378807572, (+992 904) 540013;

info@ygt.tj|www.ygt.tj

# # #

¹ Далелҳои Аврупоӣ ва Гузориш оиди вазъияти бехатарии роҳ дар ҷаҳон. (Гузориши ТУТ, 2013с.).

² Ахбори таҳлилӣ оид ба ҳолати ҲРН дар роҳҳои автомобилгарди ҶТ дар соли 2013 (Вазорати корҳои дохилии ҶТ, РБДА, 2014с.).

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 92 гостей онлайн

Warning: Creating default object from empty value in /var/www/mmko/data/www/mmko.tj/modules/mod_stats/helper.php on line 106
Просмотры материалов : 517231