Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации ДАР ДУШАНБЕ 30 ИЮЛИ 2014С. КОНФРОНСИ ТАЪСИСИИ ЭЪТИЛОФИ «ЊАМКОРИИ БОЗДОШТИ СИЛ ДАР ТОЉИКИСТОН»

 

РЕЗААХБОР

07 августи 2014с., Панҷшанбе,  

ТЉ «Насли љавони Тољикистон».

  

 

ДАР ДУШАНБЕ 30 ИЮЛИ 2014С. КОНФРОНСИ ТАЪСИСИИ ЭЪТИЛОФИ «ЊАМКОРИИ БОЗДОШТИ СИЛ ДАР ТОЉИКИСТОН», КИ БЕМОРОНИ СИЛ, ШАХСОНИ АЗ СИЛ ШИФО ЁФТА, НАЗДИКОНИ ОНЊО ВА ТАШКИЛОТЊОИ ЗИДДИ СИЛ АМАЛКУНАНДАРО МУТТАЊИД МЕКУНАД, БАРГУЗОР ГАРДИД.

 

Љиддияти вазъият ва тамоюли рушди бемории сил, махсусан бемории сили шакли мутобиќгашта ва бемории сили шакли мутобиќгаштаи васеъ дар Љумњурии Тољикистон њамбастагии кушишњоро бо маќсади ќонеъ гардонидани талаботњои беморони сил,шахсони аз сил шифо ёфта, наздикони онњо ва ноил шудан ба дигар вазифањои дурнамо ва барномањои зидди бемории силро талаб менамояд.

Дар ин хусус Ташкилоти љамъиятии «Насли љавони Тољикистон» бо њамкории Маркази љумњуриявии њимояи ањолї аз беморињои сил ва Ташкилоти байналхалќии «Лоињаи ХОУП» дар доираи лоињаи ЮСАИД «Тандурустии босифат» Конфронси таъсисии Эътилофи «Њамкории боздошти сил дар Тољикистон», ки беморони сил, шахсони аз сил шифо ёфта, наздикони онњо ва ташкилотњои зидди сил амалкунандаро муттањид мекунад, ташкил ва гузаронид.

Дар Конфронс 76 нафар беморони сил, шахсони аз сил шифо ёфта, наздикони онњо, ташкилотњои њавасманди зидди сил амалкунанда ва ВАО аз тамоми минтақаҳои Точикистон иштирок варзиданд.

Дар Конфронс вазъияти бемории сил дар Љумњурии Тољикистон ва зарурияти ташкили Эътилофи «Њамкории боздошти сил дар Тољикистон» мавриди мухокима қарор дода шуд.

Дар хотимаи Конфронс натиҷаҳои зерин назаррас буданд:

- Эътилофи «Њамкории боздошти сил дар Тољикистон» муасис гардид, ки мақсади зеринро пеша кардааст:

«Паст кардани сатњи пањншавии бемории сил, мањдудиятњои вобаста ба бемории сил ва  ВНМО/БС, дар миќёси кишвар роњ надодани њолатњои бемории сили шакли мутобиќгашта ва бемории сили шакли мутобиќгаштаи васеъ»;

- Самтҳои афзалиятноки Эътилоф муайян карда шуданд;

- Раиси Шӯро ва Котиби Эътилоф интихоб гардиданд;

- Котибот дар ҳайати шаш нафар фаъолони соҳаи зидди бемории сил дар ҳайси Ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» ташкил карда шуд;

- Ташкили гурӯҳи мутахассисон ва «Телефони боварӣ» дар ҳайси Котиботи Эътилоф барои зудҷавобӣ ба саволу мушкилиҳои беморони сил, шахсони аз сил шифо ёфта ва наздикони онњо ба нақша гирифта шуд;

- Коркарди нақшаи стратегии Эътилоф барои солҳои 2015-2017 ва нақшаи кори барои моҳҳои август-декабри соли ҷорӣ ба уҳдаиКотиботи Эътилоф гузошта шуд;

- Нақлҳои бо муваффақият аз сар гузаронидани муолиҷаи бемории сил аз тарафи беморони сил, шахсони аз сил шифо ёфта ва наздикони онњо шунида шуд (масалан, яке аз онҳо):

дар ноҳияи Ҳамадони, шахсони аз сил шифо ёфта, имконияти омӯзиши ройгонро дар Колеҷи тиббии ноҳиявӣ дарёфт карданд.

-Озмуни шиори беҳтарин, оиди паст кардани сатњи доѓгузорї нисбати беморони сил, шахсони аз сил шифо ёфта ва наздикони онњо, эълон карда шуд.# # # 

 Барои гирифтани маълумоти иловагї ба суроѓаи зерин мурољиат намоед:

734003, ЉТ, ш. Душанбе, Хиёбони Рудаки 112, њуљ. 7, 

тел.: (+992) 378807572, (+992 93) 7077572; 

Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ; www.ygt.tj

# # #

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 27 гостей онлайн
Просмотры материалов : 501987