Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации ТҶҶ «НҶТ» лоиҳаи «Кӯмаки техники ба Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон»

 

РЕЗААХБОР

15 сентябри 2014с., Душанбе,     

Ташкилоти ҷамъияти ҷумҳуриявии

 «Насли ҷавони Тоҷикистон»

(ТҶҶ «НҶТ»).

   

ТҶҶ «НҶТ» лоиҳаи «Кӯмаки техники ба Эътилофи 
«Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» барои мусоҳиба ва иштирок дар таҳияи Консепсияи лоиҳаи миллӣ доир ба бемории сил ба Хазинаи умумиҷаҳонии мубориза бо БПНМ, сил ва вараҷа»-ро оғоз кард.

  30 июли соли 2014 дар ш.Душанбе аз тарафи 71 беморони сил, шахсони аз сил шифоёфта, наздикони онҳо ва намояндагони ташкилотҳои зидди сил амалкунанда Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» (Эътилоф) таъсис дода шуд.   

Мақсади Эътилоф аз паст кардани сатҳи паҳншавии бемории сил, маҳдудиятҳои вобаста ба бемории сил ва  ВНМО/БС, дар миқёси кишвар роҳ надодани ҳолатҳои бемории сили шакли мутобиқгашта ва бемории сили шакли мутобиқгаштаи васеъ иборат аст. Яке аз вазифаҳои асосии Эътилоф ин иштироки фаъол дар таҳия, банақшагирӣ ва мониторинги барномаҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил мебошад. Бинобар ин ТҶҶ «НҶТ», ки дар заминаи он Котиботи Эътилоф ташкил карда шудааст бо дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ лоиҳаеро омода кардааст, ки доири он аъзоёни Эътилоф:

 - дар бораи Усули нави маблағгузории Хазинаи умумиҷаҳонии мубориза бо БПНМ, сил ва вараҷа (ХУБСВ), нақши ҷомеа дар пешбурди ҳуқуқҳои инсон ва баробарии гендери маълумот мегиранд,

 - соҳиби малака оид ба таҳияи лоиҳаҳо, ҳамчунин Консепсияи лоиҳаи миллӣ мутобиқ ба талаботҳои ХУБСВ мешаванд,

 - нақшаи стратегии Эътилофро барои солҳои 2015-17 коркард мекунанд,

 - барои иштирок дар гуруҳи кории Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оиди пешгири ва мубориза бо БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳия ва пешкаши Консепсияи лоиҳаи миллӣ оид ба бемории сил ба ХУБСВ имконият пайдо мекунанд.

 Давомнокии лоиҳа: август-декабри 2014с.

 Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба Менеҷери лоиҳаҳои ТҶҶ «НҶТ»

Назирбаев Бахтиёр муроҷиат намоед:

734003, ҶТ, ш. Душанбе, Хиёбони Рудаки 112, ҳуҷ. 7, 

тел.: (+992) 378807572, (+992 93) 7077572; 

Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

 

# # #

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 42 гостей онлайн
Просмотры материалов : 440247