Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации Дар Душанбе оид ба масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҷаласаи дуюми гуруҳи кории байнисоҳавӣ доир гардид.

 

РЕЗА АХБОР

21 июни соли 2017, чоршанбе,

                                       Иттиҳоди Шарқии нақлиёти бехавф ва устувор  (ИШНБУ),

 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии 

 

«Насли ҷавони Тоҷикистон» (НҶТ).

ДАР  ДУШАНБЕ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ, ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ГУРУҲИ КОРИИ БАЙНИСОҲАВӢ ДОИР ГАРДИД.

21 июни соли 2017, дар толори конфронсии Мақомоти иҷроияи  њокимияти давлатии  (МИҲД) н.Фирдавсии ш.Душанбе, дар доираи даври сеюми лоиҳаи «Беҳдошти бехатарии ҳаракат дар роҳ тавассути таҳсилот»,  ҷаласаи дуюми гуруҳи кории байнисоҳавӣ (ГКБС) оид ба масъалаҳои бехатарии ҳаракатдар  роҳ  гузаронида шуд.

 Дар ҷаласа намояндагони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии(ШБДА) РВКД ҶТ дар ш.Душанбе, МИҲД дар н. Фирдавсии ш.Душанбе, шуъбаи маорифи н.Фирдавсӣ ва инчунин мактабҳои лоиҳавии н.Фирдавсӣ (№ 24, 30, 72, 76, 78) ширкат варзиданд.

Дар рафти ҷаласа иштирокчиён таъсири лоиҳа ва   натиҷаҳои бадастомадаро дар рафти татбиқи он муҳокима намуданд. Намояндаи БДА ба иштирокчиён оид ба вазъияти Ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар ноҳияи Фирдавсӣ ошно намуд. Қайд карда шуд, ки шумораи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон дан н.Фирдавсӣ, дар давраи татбиқи лиҳа коҳиш ёфтааст.    

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

734003, ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, ут. 7,

тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146, +992 37 8817572

Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

####

 

 

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 40 гостей онлайн
Просмотры материалов : 462576