Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации ТҶҶ «НҶТ» бо сафари хизматӣ ба ноҳияҳои озмоиши ташриф овард

 

РЕЗА АХБОР

19 октябри соли 2016, чоршанбе,

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии 

«Насли ҷавони Тоҷикистон»(ТҶҶ «НҶТ»),

  

ТҶҶ «НҶТ» бо сафари хизматӣ ба ноҳияҳои озмоиши ташриф овард

Аз 9 то 12 октябри соли 2016  кормандони ТҶҶ «НҶТ» барои татбики кисматҳои «Деҳаҳои бехавф» ва «Амалиёти иттилоотӣ оид ба паст намудани суръати харакати ронандагони ҷавон дар ш.Панҷакент» ба ноҳияҳои озмоишӣ  сафари корӣ доир намуданд. Дар рафти сафари корӣ кормандони ташкилот як қатор чорабиниҳои омӯзиширо дар мактабҳои 5 деҳаи озмоишӣ (Дар-Дар, Ғусар, Навобод, Сӯфиён ва Сӯҷина) амалӣ гардониданд, инчунин як қатор чорабиниҳои иттилоотиву ташвиқотиро дар байни ронандагони ҷавони ш.Панҷакент гузарониданд.

1.      Тренингҳо дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ

Аз 10 то 12 октябр, кормандони ТҶҶ «НҶТ» дар ноҳияҳои озмоишӣ  ба гузаронидани як қатор тренингҳо оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ  оғоз намуданд.   Тренингҳо бо ҷалб намудани мушовири байналмилалӣ, дар асоси «Лифофаҳои омӯзиши дар бораи Бехатарии ҳаракат дар роҳ» гузаронида шуданд.  Ин лифофаҳо бо мақсади омӯзиш коркард карда шуда, дар доираи шароитҳои расмӣ ва ғайрирасмии  таҳсилот оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ,  хамчун маводи ёрирасон тартиб дода шудаанд.   Лифофаҳои мазкур маводҳои зарӯриеро дар бар мегиранд, ки барои омӯзиши кӯдакону наврасон аз рӯи ақидаҳои асосии  бехатарии ҳаракат дар роҳ нисбат ба  синну-сол пешбинӣ шудааст.

Дар тренингҳо омӯзгорон, талабагон ва аъзоёни фаъоли кумитаи волидайн иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти трениг ба мактабҳо  маводҳои зарӯрии таблиғи бехатарии ҳаракат дар роҳ тақсим карда шуданд:

·         55 адад Лифофаҳои омӯзишӣ дар бораи  бехатарии ҳаракат дар роҳ 

·         Нусхаи аломатҳои роҳ

·         «Варақаи,  хотира барои пиёдагарди ҷавон ва волидайн»

·         Варақа-овеза оид ба БҲР.

Шумораи умумии ҷалбшудагон  110 нафар.

2.      Амалиёти иттилоотӣ оид ба паст намудани суръати ҳаракат дар байни ронандагони ҷавони ш. Пандҷакент.

11-уми октябр дар ш. Панҷакент бо дастгирии ББДА ШВКД дар ш.Панҷакент, дар байни ронандагони ҷавон як қатор иқдомҳо оид ба паст намудани реҷаи суръати ҳаракат  гузаронида шуданд. Ба монанди

 

·         Иқдоми «40 км/с»

Мақсади иқдоми мазкур, таблиғу ташвиқ ва хушдор намудани ронандагон оид ба риояи реҷаи суратнокӣ дар назди муассисаҳои таълимии дар шафати роҳи асосӣ ҷойгиршуда мебошад. Аксия дар наздикии МТМУ№3 ва муассисаи томактабии №8 «Наврӯз» аз соати 07:30 то 08:30, дар давраи шиддатнокии ҳаракати пиёдагардон ва автомобилҳо гузаронида шуд. Ихтиёриён(Волонтерҳо)- хонандагони МТМУ№3 бо нусхаи аломатҳои роҳи 40км/с, ин чунин варақаҳои «Хотира барои пиёдагарди нарас ва волидайн» диққати ронандагон ва ҷамъиятчигиро ба масъалаҳои суръатафзоӣ ҷалб намуданд.  

·         Иқдоми «60 км/с»

Барои андешидани чораҳо оид ба паст намудани реҷаи суръатнокӣ дар байни ронандагони ҷавони ш.Панҷакент, аксияи 60км/с. гузаронида шуд, ки мақсад аз он таъсир расонидан ба ронандагони ҷавон  бо роҳи ишора бо нусхаи аломатҳои роҳи 60км/с. ва тақсим намудани  варақаҳо бо иттилои муҳимияти риояи реҷаи суръатнокӣ мебошад. Бо ёрии кормандони БДА ва кумаки ихтиёриён 600 адад варақаҳо тақсим карда шуданд.

·         Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони ҷавони ш.Панҷакент.

Яке аз чорабиниҳои муҳим оид ба паст намудани суръати ҳаракат дар байни ронандагони ҷавон, ин гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад. Чорабинии мазкур дар Терминали мусофиркашонии ш.Панҷакент гузаронида шуд, ки дар он асосан чорабинӣ ба иштирокчиён оид ба талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, нисбати риояи реҷаи суръатнокӣ ва ҷавобгарии маъмурӣ, дар сурати вайрон намудани ин талаботҳо корҳои фаҳмондадихӣ гузаронида ба ҳар якашон варақаҳои «Эй сорбон, оҳиста рон» тақсим карда шуд.

Илова бар ин дар назди бозори марказии ш.Панҷакент, ки бештари ронадагон ба деҳаҳои наздишаҳрӣ  мусофир интиқол медиҳанд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ҷалбшавӣ:  

Дар шаҳри Панҷакент зиёда аз 2100 нафар одамон ба амалиётҳои иттилоотӣ оид ба паст намудани  суръат   ҷалб карда шуданд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед. :

734003, ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, ут. 7,

тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146, +992 37 8807572, +992 37 8817572

Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

# # #

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 35 гостей онлайн
Просмотры материалов : 365917