Get Adobe Flash player
кратко о ммко Новости Новости организации Вохӯрии муҳокимавии гурӯҳӣ

 

Вохӯрии муҳокимавии гурӯҳӣ

Котиботи Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ ва мусоидати ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар самти бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, фаъолияти харитакуниро ҷамъбаст намуд, ки дар раванди он аз ҷумла шумораи ташкилотҳои ҷамъиятии дар самти бемории сил айни ҳол амалкунанда, минтақаҳои географӣ, доираҳои хизматрасонии онҳо ва аҳолиҳои осебпазир муайян карда шуд.

Барои инҷроишӣ ин кор, «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» бо ташкилотҳо ва марказҳо дар тамос шуда барои ҷамъоварии маълумот аз саволнома, ки Ҳамкории боздошти сил (Stop TB Partnership, Geneva) тартиб додааст, истифода намуд. Баъд аз ҷамъоварии маълумот «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» як вохӯрии муҳокимавии гурӯҳӣ (focus group) бо иштироки ташкилотҳои ҷамиятӣ, инчунин, намояндагони Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил доир намуд. Дар рафти вохӯрӣ маълумоти ҷамъовардашуда таҳлил ва ҷамъбаст шуд, ки тибқи он «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» санадҳои зеринро  тартиб додааст: маълумотнома (директория)-и марказҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии дар самти бемории сил амалкунанда, рӯйхати монеаҳо ва камбудиҳои мавҷуда дар мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон, тақвими чорабиниҳои калидӣ, нақшаи корӣ ва сохтани як сомонаи умумии  дастрас ба ҳама шарикон, ки дар самти бемории сил дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Ин санадҳо баъдан тавассути почтаи электронӣ пурра таҳия шуда нусхаи ниҳоии онҳо дар ҷараёни конфронси миллӣ (ки дар моҳи ноябр, 2016 дар нақша аст) бо иштироки шарикон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳамоҳангсозии миллӣ ва ҳамаи аъзоёни Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон " бо тариқи маърӯза пешниҳод мегардад.

Фаъолияти мазкур дар доираи лоиҳаи Имкон ба ҷомеаи шаҳрвандӣ барои бартараф кардани мушкилот, даври 7, ки аз тарафи Ҳамкории боздошти сил (Stop TB Partnership, Geneva)/UNOPS маблағгузорӣ мешавад, гузаронида шуд.  

Бояд қайд кард, ки дар озмуни лоиҳаи грантии Ҳамкории боздошти сил (Stop TB Partnership, Geneva)/UNOPS ҷамъан 482 ташкилотҳои давлатҳои гуногун иштирок карда буданд, ки аз он 10 номзад, аз ҷумла котиботи Эътилофи ”Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ҳамчун баррандаи озмун интихоб гардидааст.   

Котиботи Эътилоф иҷрои марҳалаи аввали лоиҳаро, ки “Муттаҳидӣ баҳри боздошти сил” ном кардааст, бо машварат ва дастгирии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил амалӣ карда истодааст. Мақсади лоиҳа чунин аст: “Харитакунии ташкилотҳои мавҷудаи ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои сатҳи маҳалла, ки дар самти мубориза бо бемории сил амал мекунанд, аз ҷумла минтақаҳои географии фаъолият, доираҳои хизматрасонии онҳо ва аҳолиҳои осебпазир”.

Тибқи хисоботхои Ташкилоти умумичахонии тандурусти (ТУТ) соли 2014 дар тамоми ҷаҳон қариб 10 миллион нафар гирифтори бемории сил гаштааст. 1.5 миллион нафар аз бемории сил фавтидааст, ки дар муқоиса бо 1.2 миллион нафари аз вируси норасоии масунияти одам фавтида, бемории сирояткунандаи сил ҳамчун қотили №1 шинохта шудааст.

Ҳамкории боздошти сил (Stop TB Partnership, Geneva) ин як нерӯи дастаҷамъонаи беш аз 1500 шарикон дар мубориза бар зидди бемории сил мебошад.  Бемории сил ҳарчанд ки табобатшаванда вале ҳанӯз аз он ҳар як дақиқа се нафар дар дунё мефавтад. Ҳамкории боздошти сил ҳамчун як мақоми ягонаи байналмилалӣ эътироф шудааст, ки тавоноии ҷобаҷокунии ҷонибҳои дахлдорро аз тамоми ҷаҳон дар мубориза бар зидди бемории сил дорад. Котиботи Ҳамкории боздошти сил аз ҷониби UNOPS дар шаҳри Женева, Швейтсария, мизбонӣ мешавад.

Эътилофи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” (ҲБСТ) 30 июли 2014 аз тарафи 76 нафар беморони сил, шахсони аз сил шифо ёфта, наздикони онҳо, намояндагони ташкилотҳои ҳавасманди зидди сил амалкунанда ва ВАО аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Мақсади Эътилоф аз «Паст кардани сатҳи паҳншавии бемории сил, маҳдудиятҳои вобаста ба бемории сил ва ВНМО/БС, дар миқёси кишвар роҳ надодани ҳолатҳои бемории шакли мутобиқгаштаи сил ва шакли мутобиқгаштаи васеъи сил» иборат аст. Котиботи Эътилоф дар назди Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Насли ҷавони Тоҷикистон” фаъолият мебарад.

 

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба Котиботи Эътилофи ҲБСТ муроҷиат намоед:

734003, ҶТ, ш. Душанбе, Хиёбони Рӯдакӣ 112, утоқи 7,

тел.: (+992) 378807572, 446206146, 378817572, 446205921; Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

 

Интересная статья? Поделись ей с другими:
Сейчас 49 гостей онлайн
Просмотры материалов : 366809